«АЗ ДАЪВОИ ҚУДРАТ ТО ХИЁНАТ БА МИЛЛАТ. ИФШОИ СИМОИ АСЛИИ ТЭТ ҲНИ». Таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Мусоидат ва эътимод» конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Аз даъвои қудрат то хиёнат ба миллат. Ифшои симои аслии ТЭТ ҲНИ» баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба зикри манбаъ, дар кори конфронси мазкур, ки дар ҳошияи филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» гузаронида шуд, олимону донишмандон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ходимони дин иштирок намуданд.
Дар оғози кори конфронс Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода роҷеъ ба фаъолияти ифротгароёнаи гурӯҳу равияҳои динӣ, сӯистифодаи онҳо аз арзишҳои диниву мазҳабӣ ибрози андеша намуда, зикр кард, ки дар замони нооромиҳои сиёсӣ саркардагони ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ худро ба ном «ҳомии дин» нишон дода, дар асл мардуми авомро ба доми макру фиреби худ афканданӣ буданд.
Мавсуф дар шароити кунунӣ ҳифзи фазои маҳзабиро қарзи инсонӣ ва имонӣ хонда, аз иштирокдорони конфронс, махсусан ходимони дин даъват намуд, ки нагузоранд, то ҷараёнҳои манфиатҷӯе назири ТЭТ ҲНИ бо эҳсоси динии мардум бозӣ карда, динро ҳамчун василаи сиёсӣ истифода намоянд.
Дар ҷараёни конфронс иштирокдорон бо пешниҳоди маърӯзаҳо дар мавзӯҳои «Тарғиби ғояи инқилоби исломӣ ба хотири расидан ба қудрати сиёсӣ аз ҷониби ТЭТ ҲНИ», «Таърихи нангин ва хиёнаткоронаи ТЭТ ҲНИ, «Таблиғи мазҳаби бегона ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ», «Нақши ТТЭ собиқ ҲНИ дар нооромии сиёсӣ дар Тоҷикистон, музокироти тоҷикон ва давраи баъд аз низоъ» ва ғайра фаъолияти хоинона ва ифтротгароёнаи ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломиро қотеона маҳкум намуданд.
Инчунин аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ, раисони маҳаллаҳо, фаъолони ҷомеа ва дар маҷмӯъ, аз ҳамаи ҳамватанон даъват шуд, ки кирдорҳои ҷиноятӣ ва амалҳои хиёнаткоронаи саркардагони ТЭТ ҲНИ роҷеъ ба бадном гардонидани дини мубини ислом, ки дар гузоришҳои коршиносон баён шуданд, мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дода, барои ҳифзи арзишҳои мазҳабӣ ва роҳ надодан ба сӯистифодаи ин арзишҳо ташаббус нишон диҳанд.
Ҳамчунин дар муроҷиатнома аз аҳли зиё, олимону донишмандон даъват гардид, ки бо мақсади ҳифзи манфиатҳои миллӣ, аз байн бурдани тафриқа ва дигар ақидаҳои тундгароёнае, ки аз тарафи намояндагони ТЭТ ҲНИ дар шабакаҳои интернетӣ интишор мешаванд, вокуниши саривақтӣ нишон диҳанд.








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






