Азим Иброҳим ба масъулини ноҳияҳои пойтахт: «Иҷрои корҳо вусъати тоза талаб менамояд»
ДУШАНБЕ, 08.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи дирӯз дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи корӣ оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони гурӯҳҳо дар ноҳияҳои пойтахт, муовинони раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, муовинони онҳо, роҳбарони КВД «Обу корезии шаҳри Душанбе», Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ва гармидиҳӣ ва сохторҳои дахлдори шаҳр баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар оғоз муовини Сарвазири мамлакат хотиррасон намуд, ки аз 4145 адад чорабиниҳои тасдиқгардида дар соли 2019 иҷрои 1826 чорабинӣ таъмин гардида, иҷрои 1846 чорабинии дигар дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.
«Мутаассифона, тибқи маълумоти пешниҳодгардида, ҷараёни иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда на дар ҳамаи ноҳияҳои шаҳр ба талабот ҷавобгӯй мебошад. Тибқи маълумоти ҷамъбастӣ, дар нимсолаи аввал иҷрои нақша чорабиниҳо дар ноҳияи И. Сомонӣ 54,4 %, Шоҳмансур 41,4%, Сино 41,1% ва Фирдавсӣ 37,4%-ро ташкил мекунад, ки қаноатбахш нест», — изҳори нигаронӣ намуд Азим Иброҳим.
Баъзе аз масъулин дар суханрониҳои худ сабабҳои қафомонии корҳоро ба маҳдудиятҳо, эълон шудани пандемия ва паҳншавии бемории коронавирус рабт доданд ва муовини Сарвазири мамлакат бо овардани далелҳои мушаххас роҳҳои ҳалли масъалаҳоро пешниҳод карда, таъкид намуд, ки Нақшаи чорабиниҳои вобаста ба ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар муҳлатҳои пешбинишуда ва бо сифати баланд бояд таъмин гардад.
«Хушбахтона имрӯзҳо қадам ба қадам зиндагӣ ба маҷрои қаблии худ баргашта истодааст ва мо бояд тавассути самаранок ташкил намудани корҳо дар ҳама самтҳо қафомониҳоро бартараф сохта, чорабиниҳои банақшагирифташударо иҷро намоем», — тазаккур дод А. Иброҳим.
Муовини Сарвазири мамлакат бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки намои шаҳри Душанбе бо қомат афрохтани биноҳои баландошёна симои худро зебо гардонида истодааст, аммо, ҳамзамон ин сарбории иловагӣ ба инфрасохтори мавҷудаи шаҳрдорӣ мебошад.
Вобаста ба ин ба роҳбарони КВД «Обу корезии шаҳри Душанбе», Шабакаҳои барқи ва гармидиҳии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои шаҳрӣ супориш дода шуд, ки иқтидорҳои мавҷудаи таъмини об, корезӣ, барқ, пайвастшавӣ бо шабакаҳои гармидиҳиро дар асоси ҳисобу китоби дақиқ омӯхта, ҷиҳати дар оянда пешгирӣ намудан аз ҳолатҳои рух додани садама ё мушкилии таъмини хизматрасонӣ дар якҷоягӣ бо сармеъмор ва Кумитаи заминсозии шаҳр чораҳои таъхирнопазир андешанд. Сохторҳои дахлдори шаҳрсозӣ масъули бо кафолат таъмин намудани хизматрасониҳои инфрасохторӣ барои бинову иншооти бунёдшаванда мебошанд. Тибқи таҷрибаи андӯхта мо метавонем талаботи бинову иншооти бунёдшавандаи муосирро бо ин намуди хизматрасониҳо таъмин созем.
Муовини Сарвазири мамлакат махсус таъкид намуд, ки имкониятҳои ҳалли муҳандисии мушкилот вуҷуд доранд ва ҳар як соҳа бояд дар асоси ҳисобу китоби дақиқи муҳандисии соҳавӣ корро ба роҳ монад.
Мавриди зикр аст, ки дар соли ҷорӣ танҳо дар ноҳияи Сино илова ба 1083 бинои ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайвастбуда пайваст намудани 186 адад бинову иншооти нави баландошёна ба ин шабакаҳо пешбинӣ шудааст. Вобаста ба ин роҳбарияти шабакаҳои гармидиҳӣ вазифадор гардид, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии корҳо дар ин самт чораҳои дахлдор андешад.
Зикр шуд, ки васеъсозии ҳудуди шаҳри Душанбе ва бунёди бинову иншоот дар ҳудудҳои нав низ бояд тибқи нақшаи генералӣ амалӣ карда шавад. Дар ин робита, ба сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе супориш дода шуд, ки мавзеъҳои ҳудуди канали Говкуш, Чоряккорони нав ва мавзеъҳои атрофи онҳоро мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дода, ҷиҳати дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани каналҳои зикргардида, дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Сармеъмори шаҳри Душанбе ва меъморони ноҳияҳои шаҳр вазифадор карда шуданд, ки пайваста назорати сари вақт ва сифатнок анҷом додани корҳоро дар бинову иншооти бунёдшаванда таъмин созанд.
АКС аз бойгонӣ








Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд






