Азим Иброҳим ба масъулини ноҳияҳои пойтахт: «Иҷрои корҳо вусъати тоза талаб менамояд»

Июль 8, 2020 10:27

ДУШАНБЕ, 08.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи дирӯз дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи корӣ оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони гурӯҳҳо дар ноҳияҳои пойтахт, муовинони раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, муовинони онҳо, роҳбарони КВД «Обу корезии шаҳри Душанбе», Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ва гармидиҳӣ ва сохторҳои дахлдори шаҳр баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар оғоз муовини Сарвазири мамлакат хотиррасон намуд, ки аз 4145 адад чорабиниҳои тасдиқгардида дар соли 2019 иҷрои 1826 чорабинӣ таъмин гардида,  иҷрои 1846 чорабинии дигар дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

«Мутаассифона, тибқи маълумоти пешниҳодгардида, ҷараёни иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда на дар ҳамаи ноҳияҳои шаҳр ба талабот ҷавобгӯй мебошад. Тибқи маълумоти ҷамъбастӣ, дар нимсолаи аввал иҷрои нақша чорабиниҳо дар ноҳияи И. Сомонӣ 54,4 %, Шоҳмансур 41,4%, Сино 41,1% ва Фирдавсӣ 37,4%-ро ташкил мекунад, ки қаноатбахш нест», — изҳори нигаронӣ намуд Азим Иброҳим.

Баъзе аз масъулин дар суханрониҳои худ сабабҳои қафомонии корҳоро  ба маҳдудиятҳо, эълон шудани пандемия ва паҳншавии бемории коронавирус рабт доданд ва муовини Сарвазири мамлакат бо овардани далелҳои мушаххас роҳҳои ҳалли масъалаҳоро пешниҳод карда, таъкид намуд, ки Нақшаи чорабиниҳои вобаста ба ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар муҳлатҳои пешбинишуда ва бо сифати баланд бояд таъмин гардад.

«Хушбахтона имрӯзҳо қадам ба қадам зиндагӣ ба маҷрои қаблии худ баргашта истодааст ва мо бояд тавассути самаранок ташкил намудани корҳо дар ҳама самтҳо қафомониҳоро бартараф сохта, чорабиниҳои банақшагирифташударо иҷро намоем», — тазаккур дод А. Иброҳим.

Муовини Сарвазири мамлакат бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки намои  шаҳри Душанбе бо қомат афрохтани биноҳои баландошёна симои худро зебо гардонида истодааст, аммо, ҳамзамон ин сарбории иловагӣ ба инфрасохтори  мавҷудаи шаҳрдорӣ мебошад.

Вобаста ба ин ба роҳбарони КВД «Обу корезии шаҳри Душанбе», Шабакаҳои барқи ва гармидиҳии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои шаҳрӣ супориш дода шуд, ки иқтидорҳои мавҷудаи таъмини об, корезӣ, барқ, пайвастшавӣ бо шабакаҳои гармидиҳиро дар асоси ҳисобу китоби дақиқ омӯхта, ҷиҳати дар оянда пешгирӣ намудан аз ҳолатҳои рух додани садама ё мушкилии таъмини хизматрасонӣ дар якҷоягӣ бо сармеъмор ва Кумитаи заминсозии шаҳр чораҳои таъхирнопазир андешанд. Сохторҳои дахлдори шаҳрсозӣ масъули бо кафолат таъмин намудани хизматрасониҳои инфрасохторӣ барои бинову иншооти бунёдшаванда мебошанд. Тибқи таҷрибаи андӯхта мо метавонем талаботи бинову иншооти бунёдшавандаи муосирро бо ин намуди хизматрасониҳо таъмин созем.

Муовини Сарвазири мамлакат махсус таъкид намуд, ки имкониятҳои ҳалли муҳандисии мушкилот вуҷуд доранд ва ҳар як соҳа бояд дар асоси ҳисобу китоби дақиқи муҳандисии соҳавӣ корро ба роҳ монад.

Мавриди зикр аст, ки дар соли ҷорӣ танҳо дар ноҳияи Сино илова ба 1083 бинои ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайвастбуда пайваст намудани 186 адад бинову иншооти нави баландошёна ба ин шабакаҳо пешбинӣ шудааст. Вобаста ба ин роҳбарияти шабакаҳои гармидиҳӣ вазифадор гардид, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии корҳо дар ин самт чораҳои дахлдор андешад.

Зикр шуд, ки васеъсозии ҳудуди шаҳри Душанбе ва бунёди бинову иншоот дар ҳудудҳои нав низ бояд тибқи нақшаи генералӣ амалӣ карда шавад. Дар ин робита, ба сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе супориш дода шуд, ки мавзеъҳои ҳудуди канали Говкуш, Чоряккорони нав ва мавзеъҳои атрофи онҳоро мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дода, ҷиҳати дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани каналҳои зикргардида, дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Сармеъмори шаҳри Душанбе ва меъморони ноҳияҳои шаҳр вазифадор карда шуданд, ки пайваста назорати сари вақт ва сифатнок анҷом додани корҳоро дар бинову иншооти бунёдшаванда таъмин созанд.

 

АКС аз бойгонӣ

Июль 8, 2020 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-БУЗУРГТАРИН МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ БАРОИ НАСЛИ НАВРАСУ ҶАВОН. Бардошт аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Қалъаи Хуҷанд»
Дар шаҳри Бӯстон марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» ифтитоҳ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон то охири соли 2024 270 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии «Микролаб»-ро ба истифода доданд