COVID-19. Дар Душанбе беш аз 30 беморхона бо 5 ҳазору 284 кат ба беморони гирифтори коронавирус хизмат мерасонанд

Июль 18, 2020 09:53

ДУШАНБЕ, 18.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Айни ҳол дар шаҳри Душанбе беш аз 30 беморхонаҳо бо 5 ҳазору 284 кат ва зиёда  аз 5 ҳазору 390 нафар табибон ва кормандони тиббӣ ба беморони гирифтори коронавирус нави  COVID-19 хизмат мерасонанд. Ин матлаб зимни ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли 2020, ки  17 июли соли равон дар МД  «Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» баргузор шуд, баён гардид.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки  бо мақсади қадр кардани хизматҳои шабонарӯзии кормандони соҳаи тиб, ки дар ин вазъият хизматҳои шоён ба анҷом расонидаанд, ҳуҷҷатҳои 64 нафар табибон, кормандони миёнаи тиббӣ ва  техникӣ ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод шуданд. Ҳамзамон бахшида ба муносибати Рӯзи кормандони ҳифзи иҷтимоӣ ба  82 нафар кормандони фаъоли соҳа унвони «Аълочии ҳифзи иҷтимоӣ» ва  «Ифтихорнома»-ю «Сипоснома»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дода шуд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории  COVID-19 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд.

Бо дарназардошти он, ки дар  як қатор кишварҳои олам  мавҷи дуюми бемории COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, таъкид гардид, ки бояд чораҳои пешгирикунандаи ин беморӣ дар ҷумҳурӣ боз ҳам пурзӯр карда шаванд.

Бо ин мақсад, ба Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» супориш дода шуд, ки ҷиҳати риояи қоидаҳои шахсию ҷамъиятӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ боз ҳам пурзӯр намоянд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд аз рафти корҳои анҷомдодаи хеш дар давраи ҳисоботӣ ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода  ҳисобот доданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар фарҷоми ҷаласа ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, корҳои ободонӣ, роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, одобу муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, пешгирии бемории ВНМО, беҳтар намудани кӯумаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии  мамлакат  супоришҳои қатъӣ доданд.

 

Июль 18, 2020 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон