COVID-19. Дар Душанбе беш аз 30 беморхона бо 5 ҳазору 284 кат ба беморони гирифтори коронавирус хизмат мерасонанд
ДУШАНБЕ, 18.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Айни ҳол дар шаҳри Душанбе беш аз 30 беморхонаҳо бо 5 ҳазору 284 кат ва зиёда аз 5 ҳазору 390 нафар табибон ва кормандони тиббӣ ба беморони гирифтори коронавирус нави COVID-19 хизмат мерасонанд. Ин матлаб зимни ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли 2020, ки 17 июли соли равон дар МД «Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» баргузор шуд, баён гардид.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки бо мақсади қадр кардани хизматҳои шабонарӯзии кормандони соҳаи тиб, ки дар ин вазъият хизматҳои шоён ба анҷом расонидаанд, ҳуҷҷатҳои 64 нафар табибон, кормандони миёнаи тиббӣ ва техникӣ ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод шуданд. Ҳамзамон бахшида ба муносибати Рӯзи кормандони ҳифзи иҷтимоӣ ба 82 нафар кормандони фаъоли соҳа унвони «Аълочии ҳифзи иҷтимоӣ» ва «Ифтихорнома»-ю «Сипоснома»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дода шуд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд.
Бо дарназардошти он, ки дар як қатор кишварҳои олам мавҷи дуюми бемории COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, таъкид гардид, ки бояд чораҳои пешгирикунандаи ин беморӣ дар ҷумҳурӣ боз ҳам пурзӯр карда шаванд.
Бо ин мақсад, ба Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» супориш дода шуд, ки ҷиҳати риояи қоидаҳои шахсию ҷамъиятӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ боз ҳам пурзӯр намоянд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд аз рафти корҳои анҷомдодаи хеш дар давраи ҳисоботӣ ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ҳисобот доданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар фарҷоми ҷаласа ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, корҳои ободонӣ, роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, одобу муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, пешгирии бемории ВНМО, беҳтар намудани кӯумаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии мамлакат супоришҳои қатъӣ доданд.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






