COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба беш аз 13 миллион нафар расид

Июль 13, 2020 09:01

ДУШАНБЕ, 13.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон давоми шабонарӯзи гузашта беш аз 194 ҳазор зиёд шуда, беш аз 13 миллион нафар гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати соати 09:00 дар ҷаҳон 13 036 587 ҳолати сироятёбӣ ва 571 574 фавт ба қайд гирифта шудааст. Шумораи гирифторон дар як шабонарӯз 194 677 нафар ва теъдоди фавтидагон 3 956 кас зиёд шуд.

Омори СУТ танҳо маълумоти расмӣ тасдиқшудаи ҳолатҳои сироят ва фавтро, ки аз ҷониби давлатҳо пешниҳод шудаанд, ба назар мегирад. Як рӯз пеш дар як шабонарӯз 214 786 ҳолати сироятёбӣ ва 5 015 фавт ошкор гардида буд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (3 413 995 нафар), Бразилия (1 866 176), Ҳиндустон (879 466), Россия (727 162), Перу (326 326), Чили (315 041), Испания (300 988), Мексика (299 750), Британияи Кабир (289 603) ва Африқои Ҷанубӣ (276 242) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

 

АКС аз CNN

Июль 13, 2020 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон