Дар деҳаи «Чорбоғ»-и ноҳияи Хуросон аввалин манзили истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Июль 22, 2020 08:50

ДУШАНБЕ, 22.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи «Чорбоғ»-и ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон  аввалин шуда манзили № 53, ки  ба Шералӣ Раҷабов мансуб  аст,  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ба ҳолати 21 июли соли равон бунёди 67 хона барои оилаҳои аз офати табиии моҳи май зарардида ба анҷом расида, дар қисмати зиёди ин хонаҳо корҳои дару тирезачаспонӣ, андовакунӣ ва рангуборсозӣ идома доранд. Рӯзҳои наздик кӯчидани сокинони зарардидаи ноҳияи Хуросон ба манзилҳои нав имкон дорад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, барои таъмини аҳолии деҳаи навбунёд бо неруи барқ аз тарафи ҶДММ «Нуралӣ-СКМ»-и шаҳри Душанбе 83 дона симчӯб оварда, то имрӯз ҳамаи онҳо васл карда шуда, кашонидани ноқилҳо идома доранд.

«Дар маҳаллаи мазкур, бунгоҳи тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, марказҳои савдо бунёд гардида, барои таъмин намудани сокинони маҳалла  бо об 18 чоҳ кофта  шуда, 1,5 километр роҳ пурра асфалтпӯш мегардад. Ҳамчунин, барои таъмини аҳолӣ бо барқ ду трансформатор насб карда мешавад»,- афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки  дар натиҷаи сели рӯзҳои 14-16 майи соли  равон 67 хонаводаи ноҳияи Хуросон зарар дида, манзилҳояшон қисман ва пурра вайрон шудаанд. Ба зарардидагони офати табиӣ дар маҳалли Чорбоғи ноҳияи Хуросон, ба ҳар яке аз 67 оила ба андозаи 8-сотихӣ замин ва масолеҳи сохтмонӣ тақсим карда шуд.

Июль 22, 2020 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд