Дар Хатлон убури ғайриқонунии сарҳад ва интиқоли маводи нашъадор пешгирӣ гардид

Июль 27, 2020 16:40

ДУШАНБЕ, 27.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Носири Хусрав зимни доир намудани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, қасди интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор ба таври қочоқ, бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ғайриқонунӣ соҳиб шудан ва бо худ гирифтани лавозимоти ҷангӣ ва ғайриқонунӣ гузаштани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пешгирӣ карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ду нафар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолиддин валади Ёрмурод, соли таваллудаш 1972 ва Қалдов Аҳмад Чорӣ, соли таваллудаш 1990, сокинони вилояти Қундуз, шаби 23 июли соли 2020 дар мавзеи қаторкӯҳҳои «Туюнтов», Ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳияи Носири Хусрав дар ҳолати ғайриқонунӣ убур намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир карда шуданд.

Дар натиҷаи азназаргузаронӣ аз онҳо 1 адад халтаи полиэтиленӣ дарёфт карда шуд, ки ҳангоми кушодани он дар дохилаш миқдори зиёди маводи нашъадор мавҷуд буд ва он ҳуҷҷатгузорӣ карда, гирифта шуд.

Мувофиқи маълумотномаи шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД дар вилояти Хатлон маводи аз шаҳрвандони Афғонистон мусодирашуда 14 килограмму 250 грамм моддаи нашъадори навъи афюн ва 140 грамм моддаи нашъадори навъи ҳашиш мебошанд. Инчунин 1 адад автомати Калашников, 5 адад тирдон бо 141 адад тир дарёфт ва мусодира гардид.

Июль 27, 2020 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд