Дар Исфара даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 29.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Исфара даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст ва ғолибон қадршиносӣ гардиданд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар озмун довталабони синни гуногун ширкат намуда, шеъру ғазалҳои азёдкарда ва асарҳои аз осори адибони муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон хондаашонро манзури ҳакамон намуданд.
Дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адибони классики тоҷик Гулҷаҳон Икромова, дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адибони муосири тоҷик Зайнуриддин Заҳайризода, дар бахши аз ёд кардан ва хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик Фотима Деҳқонова, дар бахши аз ёд кардан ва хондани осори адабиёти ҷаҳон Шаҳнавоз Акрамова ва дар бахши шоирӣ Абдураҳмон Авезов бо хулосаи ҳайати ҳакамон сазовори ҷойҳои аввал дониста шуданд.
Аъзои ҳакамон бо изҳори қаноатмандӣ аз лаёқат ва дониши довталабон ба сатҳи ташкили озмун баҳои баланд доданд.
Ғолибони даври шаҳрии озмун барои иштирок дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифтанд.
Акс аз бойгонӣ








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид






