Дар Москва ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор гардид

Июль 23, 2020 09:59

ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «ХОВАР»/. 22 июл дар Шуъбаи Кумитаи иҷроия дар Москва ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии Шӯрои иқтисодии ИДМ доир гардид. Дар он инчунин намояндагони мақомоти соҳавии ҳамкории ИДМ, вазорату идораҳои кишварҳои Иттиҳод, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа асноди муҳими барномавии зерин муҳокима ва тасдиқ шуданд: “Дар бораи натиҷаҳои асосии татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2020 ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи якуми Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (2021-2025) дар давраи то соли 2030″, «Дар бораи лоиҳаи Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии давлатҳои аъзои ИДМ барои давраи то соли 2030», «Дар бораи лоиҳаи Созишномаи ҳамкории иттилоотии кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи рушди рақамии ҷомеа». Иштирокчиён инчунин лоиҳаҳои Барномаи чаҳорчӯбавии ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ -ро дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи марҳилаи якуми он (солҳои 2021-2025) ва як зумра масъалаҳои дигарро низ баррасӣ намуданд.

Бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои аъзои Комиссия як қисми асноди вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа ҷиҳати баррасӣ ба Шӯрои иқтисодӣ ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ирсол хоҳанд шуд.

Ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ 23 сентябри соли 2020 баргузор мешавад.

 

АКС аз хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ

Июль 23, 2020 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст