Дар натиҷаи риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ 17 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ба қайд гирифта шуд

Июль 14, 2020 12:17

ДУШАНБЕ, 14.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ дар нимсолаи якуми соли равон 17 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот  ба қайд гирифта шуд. 14 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ барошта, 3 каси дигар  ҳалок гардид.  Ин нуктаро сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Санъат Раҳим имрӯз  зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.

Зикр шуд, ки рух додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот аз масъалаҳои ташвишовари Хадамот ба ҳисоб меравад. Хадамот бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш мунтазам дар миёни кормандон ва корхонаҳои зериназоратӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикиро доир менамояд.

Дар давраи ҳисоботӣ 170 нафар роҳбарон ва шахсони масъули корхонаҳое, ки дар фаъолияти онҳо риоя нагардидани талаботи қонунгузории амалкунанда ба назар мерасад, ба маблағи умумии 318 ҳазору 255 сомонӣ ҷарима карда шуданд.

ҶДММ «Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶДММ «Эмомимпортэкспорт», ҶСК «Тоҷикгидромонтаж», ҶДММ «Гидроэнергострой», ҶДММ «Ғайрат-82», ҶДММ «Шералиҷон», ҶДММ «Нерусоз», ҶСП «Зетеэм», ҶСП «Сохтмони асосӣ», ҶДММ «Асри -9» ва ҶДММ «Вахшсохтмон» аз ҷумлаи корхонаҳое мебошанд, ки дар фаъолияти онҳо риоя нагардидани талаботҳои қонунгузорӣ ошкор карда шуданд.

Дар ин давра муоинаи пурраи техникии 193 иншооти борбардор, аз ҷумла кранҳо, лифтҳо,  эскалаторҳо дар корхонаву ташкилотҳо, меҳмонхона ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ гузаронида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони Хадамот назорати техникии мақсадноки пешазмавсимӣ оид ба муайян намудани ҳолати техникӣ ва омода шудан ба истифодабарии атраксионҳо дар боғҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумда МД Боғи фарҳангу фароғатии «Нур», Боғи  ҳайвонот, ҶДММ «Делфин»  гузаронида шуд.

Дар фаъолияти аксарияти корхонаҳо риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ, ба монанди надоштани лоиҳаи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, набудани нақша, нарасидани мутахассисони соҳавӣ, риоя накардани талаботи дастурамалҳои соҳавӣ, аз муоинаи техникӣ нагузаронидани иншоот ва бо либосҳои махсуси корӣ таъмин набудани кормандон, инчунин дар феҳристи давлатӣ ба қайд нагирифтани иншоот ошкор карда шуданд.

Июль 14, 2020 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд