Дар шаҳри Турсунзода Соли равшаннамоӣ ва чароғонкунӣ эълон намуданд
ТУРСУНЗОДА, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати сайру гашт ва фароғати сокинони шаҳри Турсунзода дар асоси қарори иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода дар бораи эълон намудани «Соли равшаннамоӣ ва чароғонкунии шаҳри Турсунзода ва деҳот» корҳои сохтмонӣ ва чароғонкунии маркази шаҳр оғоз гардиданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Турсунзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тибқи маълумоти сардори шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳри Турсунзода Ҷаҳонгир Равшанзода, имрӯзҳо дар шафати роҳҳои нақлиётгард ва кӯчаву тангкӯчаҳои маркази шаҳр 124 адад чароғҳои муосир насб гардида, равшаннамоии шаҳр муташаккилона идома дорад. Дар маҷмӯъ, танҳо дар маркази шаҳр насби беш 900 чароғ ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи қарори мазкур, маъракаи чароғонкунӣ аз 1 июли соли 2020 то 1 июли соли 2021 идома ёфта, дар ин муддат дар қаламрави шаҳр сутунпояҳои фарсудашуда иваз гардида, дар тамоми кӯчаву деҳаҳо, атрофи корхонаву муассиса ва шафати роҳҳои нақлиётгард чароғакҳои равшанидиҳанда насб карда мешаванд.








Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад






