Дар Суғд «Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин»-ро муайян мекунанд

Июль 8, 2020 13:07

ДУШАНБЕ, 08.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд озмуни вилоятии «Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин» доир мегардад, ки ғолибонро аз 6000  то  3000 сомонӣ мукофотпулӣ интизор аст. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод аз маркази матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои  манбаъ, ба ғолибони бахши «Ҷамоати деҳот ва шаҳраки беҳтарин» ба се ҷой аз 6000 то 2000 сомонӣ, «Деҳаи беҳтарин» ба се ҷой аз 4000 сомонӣ то 2000 сомонӣ, «Кӯчаи беҳтарин» ба се ҷой аз ​ 4000 то  2000 сомонӣ, «Маҳаллаи беҳтарин» ба се ҷой 4000 то 2000 сомонӣ ва «Оилаи беҳтарин» ба се ҷой аз  3000 то 1000 сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд  ба тасвиб расидааст.

Озмуни мазкур бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷию ватанӣ баҳри таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ,​ тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ доир мегардад.

Ғолибони озмун бо диплому мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни «Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин» дар саросари мамлакат доир гардида беҳтаринҳои он то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ интихоб ва муаррифӣ мешавад.

Июль 8, 2020 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Бохтар
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолити давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
Дар Москва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
Сокинони шаҳри Норак ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бошукуҳ таҷлил намуданд
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бахшида мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳинро пас аз навсозӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид