Дар сурати ҷорӣ намудани карантини шадид буҷети Тоҷикистон аз 16 млрд 500 млн сомонӣ маҳрум мешуд

Июль 27, 2020 15:34

ДУШАНБЕ, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пешакӣ гуфтани хисороти таъсири пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ки он чӣ гуна хоҳад буд, бисёр душвор аст. Аммо, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, агар дар ибтидои зуҳури коронавирус дар мамлакати мо карантини шадид  эълон мешуд, заводҳо, фабрикаҳо ва корхонаҳо баста мешуданд ва  корҳои кишоварзӣ идома намеёфтанд, ба иқтисодиёти мамлакат зарари бузург расонида мешуд. Буҷети давлат аз 16 млрду 500 млн сомонӣ маҳрум мешуд. Ин нуктаро Шариф Раҳимзода, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ 27 июл зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт.

Ба гуфтаи ӯ, тадбирҳои зарурии андешидаи Ҳукумат ҷиҳати дастгирии иқтисодиёт имкон доданд, ки суботи вазъи иқтисодии мамлакат таъмин карда шавад. Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ идома дорад, корхонаҳои саноатӣ фаъоланд ва ин имкон медиҳад, ки афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) таъмин карда шавад.

Дар давраи пандемияи COVID-19, дар 6 моҳи соли 2020 ММД дар Тоҷикистон 3,5% афзоиш ёфт. Дар баъзе самтҳо коҳиши шадиди ММД мушоҳида мешавад, вале дар маҷмӯъ субот таъмин аст. Бояд зикр  кард, ки соли гузашта афзоиши ММД дар Тоҷикистон 7,5% -ро ташкил намуд.

Албатта, дар чунин шароити иқтисодӣ, ки тамоми ҷаҳонро  фаро гирифтааст, Тоҷикистон наметавонад нишондиҳандаҳои нақшавӣ ва сатҳи рушди солонаро мисли солҳои гузашта таъмин намояд, — зикр намуд олим.

Бахши хизматрасониро Шариф Раҳимзода соҳаи бештар осебдидаи иқтисодиёти Тоҷикистон номид. Ба ҳар ҳол, ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса бо дигар давлатҳо, дар рушди ММД-и Тоҷикистон суръати мусбат мушоҳида мешавад. Масалан, дар Федератсияи Россия сатҳи ММД то 9,7% коҳиш ёфт, ҳол он ки моҳи апрел ин нишондиҳанда дар сатҳи 28% буд. Чунин сатҳи ММД дар Россия ҳатто дар шароити буҳронҳои шадиди иқтисодӣ мушоҳида нашуда буд. Сатҳи ММД дар Қазоқистон 1,7%, Қирғизистон — 5,3%, Чин — 1,6% ва ИМА — 5% коҳиш ёфтааст.

Июль 27, 2020 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст