Дар Тоҷикистон се пойгоҳи зилзиласанҷӣ бунёд мешавад

Июль 27, 2020 09:50

ДУШАНБЕ, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи лоиҳаи бузурги навсозии шабакаи пойгоҳҳои зилзиласанҷӣ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Тоҷикистон се пойгоҳи нави зилзиласанҷӣ бунёд хоҳад кард. Техникаи навтарин аллакай ба ҷумҳурӣ ворид шуда истодааст. Дар ин хусус имрӯз директори Маркази геофизикаи АМИТ Собит Неъматуллаев дар ҷавоб ба саволи мухбири АМИТ «Ховар» дар мавриди корҳои анҷомрасида вобаста ба зилзиласанҷӣ ҳангоми нишасти матбуотӣ посух дод.

Ба гуфтаи вай, бинобар бунёди муштараки 2 сарбанди 70-метра аз тарафи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, нахустин пойгоҳи зилзиласанҷӣ дар минтақаи Зарафшон сохта хоҳад шуд. Пойгоҳи дуюм дар минтақаи Кӯли Сарез, ки оби он солҳои оянда на танҳо ба нафъи Тоҷикистон, балки барои давлатҳои ҳамсоя низ истифода хоҳад шуд, бунёд мешавад.

«Об барои мамлакати мо боигарии бузург аст ва метавонад фоидаи калон биоварад. Нархи оби тозаи нӯшиданӣ сол то сол меафзояд. Имрӯзҳо як километри мукааби об дар бозори ҷаҳонӣ 3 миллиард доллар арзиш дорад. Пойгоҳи сеюм дар ноҳияи Мурғоб сохта хоҳад шуд», — шарҳ дод олим.

Тавре Собит Неъматуллаев зикр намуд, агар ин се пойгоҳ бунёд ва боз 5 пойгоҳи мавҷуда бозсозӣ шаванд, ба ин тартиб дар Тоҷикистон беҳтарин шабакаи зилзиласанҷӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъсис хоҳад ёфт.

Дар робита ба зуд-зуд рух додани заминҷунбиҳо директори Маркази геофизика тавзеҳ дод, ки ҳамаи заминҷунбиҳое, ки дар 6 моҳи соли 2020 сабт шудаанд, дар доираи меъёрҳои маҷозӣ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол зикр карда шуд, ки таҳқиқоти олимони тоҷик дар тӯли 30 соли охир дар мавриди сабабҳои рух додани зилзилаҳои таҳрикшуда, ки дар маҷаллаи «Илм дар Замин» нашр шудаанд, сабаб гардиданд, ки аксарияти нашрияҳои маъруфи илмӣ хостори ҳамкорӣ ва нашри таҳқиқоти олимони мо дар саҳифаҳои худ шуданд.

Июль 27, 2020 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд