Дар Ӯзбекистон ҳаракати нақлиёти автомобилӣ комилан мутавақиф шуд

Июль 25, 2020 11:46

ДУШАНБЕ, 27.07.2020 / АМИТ «Ховар» /. Мутобиқи қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ 25-26 июл (шанбе ва якшанбе) дар қаламрави Ӯзбекистон ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла таксиҳои ғайрисамтӣ манъ мешавад,- хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба АМИ «УзА».

Дар Ӯзбекистон карантин то 15 август тамдид карда шуд. Қарори дахлдор аз тарафи Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба таҳияи барномаи чорабиниҳои вобаста ба пешгирии паҳншавии коронавирус қабул шудааст, — хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ҶӮ.

Тибқи қарори мазкур, муҳлати манъ намудани баъзе намудҳои фаъолият, ки қаблан  мамнӯъ шуда буд, тамдид карда мешавад. Аз ҷумла, боғҳо, бозорҳои либосворӣ ва мағозаҳои калони молҳо, толорҳои варзишӣ, клубҳои фитнес, ҳавзҳои шиноварӣ, ҳама муассисаҳои таълимии томактабӣ, курсҳои омӯзишӣ ва маҳфилҳо, муассисаҳои хӯроки умумӣ (ба истиснои хадамоти дастраскунӣ), сартарошхонаҳо ва салонҳои зебоӣ, осоишгоҳҳо, лагерҳои кӯдакон, меҳмонхонаҳо, ҷойҳои оббозӣ ва дигари истироҳатӣ.Ҳаракати воситаҳои нақлиёти шахсӣ ва таксиҳо инчунин 31 июл, 1-2 ва 8-9 август низ манъ аст.

Ин маҳдудиятҳо ба дорандагони иҷозатномаҳо ва касоне, ки тибқи категорияҳои қаблан тасдиқшуда ба онҳо иҷозати рафту омад тавассути нақлиёт дода шудааст, дахл надоранд. Дар Ӯзбекистон то соати 10:00 ба вақти маҳаллии 26 июл шумораи умумии ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси COVID-19 ба 20,226 расидааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон.Давоми як шабонарӯз дар кишвар 573 ҳолати сироятёбӣ бо COVID-19 сабт шудааст, 359 тани сироятшуда шифо ёфта, 5 тан фавтидаанд.

Июль 25, 2020 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид