Директори Агентии зидди коррупсия: Фасод нисбат ба солҳои пешин коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 28.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 162 адад кам содир шудааст. Сабаби асосии камшавии ҷиноятҳо- ин ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотии кормандони Агентӣ мебошад. Дар ин бора директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Сулаймон Султонзода 28 июл зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, иттилоъ медиҳад хабанигорни АМИТ «Ховар».
«Вобаста ба сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ агар таҳлил кунем, дар шашмоҳаи якуми соли равон 1218 ҷинояти ҳам коррупсионӣ ва ҳам иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ошкор гардид, ки ин нисбат ба шаш моҳи аввали соли 2019 -1370, яъне 162 ҷиноят кам мебошад. Агар вобаста ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бигирем, 715 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурии шашмоҳаи якуми соли 2019 ва 652 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар шашмоҳаи якуми соли равон ошкор гардидаанд. Ба ҳар ҳол, тарғиботу ташвиқоти кормандони самти муқовимат бо коррупсияи Агентӣ дар вазорату идораҳо дар ин самт таъсири худро мерасонад»,- иброз намуд директори Агентӣ.
Дар ин давра ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ кормандони Агентӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо 552 вохӯриҳо гузаронида, дар ин раванд тавассути ВАО беш аз 41 маротиба сухан гуфта, 13 маротиба мизҳои мудаввар, семинар ва нишастҳои матбуотӣ доир намудаанд.
Инчунин вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» 122 санҷиш гузаронида шуда, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда тадбир андешида шудааст.
Дар агентӣ телефони боварӣ ташкил карда шуда, масъулини ин ниҳод муроҷиати шаҳрвандонро қабул ва баррасӣ менамоянд.








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






