Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон барои табобати бемории коронавирус курсҳои омӯзишӣ доир намуд

Июль 16, 2020 11:57

ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи тиббӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳассилини Донишгоҳ бо дарки масъулият ҷиҳати пешгирии паҳншавии сироятёбӣ ба коронавируси COVID-19 дар донишгоҳ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуданд. Аз ҷумла, аз ҷониби онҳо курсҳои кутоҳмуддат оид ба ташхис ва табобати беморони гирифтори коронавирус ташкил гардид, ки дар он дар маҷмӯъ 142 нафар табибон иштирок намуданд.

Номбурда афзуд, ки аз 27 майи то 4 июни  соли 2020 донишгоҳ курсҳои кутоҳмуддат барои 35 нафар табибони муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ва 37 нафар нафар табибони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  гузаронид. Барои ноҳияҳои минтақаи Рашт (ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод), шаҳри Роғун ва ВМКБ курси кутоҳмуддати омӯзишӣ  тариқи онлайн аз 10  то  12 июни соли равон доир  шуданд. Дар курси омӯзишӣ  тариқи онлайн аз ноҳияҳои минтақаи Рашт  51 нафар ва аз ВМКБ 19 тан  табибон иштирок намуданд. Инчунин 200 нафар омӯзгорону муҳассилини баъдидипломии донишгоҳ аз курсҳои омӯзишии кутоҳмуддат оид ба табобати бемории коронавируси COVID-19 гузаронида шуданд.

Ҳамагӣ 142 нафар табибони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои зикргардидаи ҷумҳурӣ  ва 200 нафар омӯзгорону муҳассилини баъдидипломии донишгоҳ барои пешгирӣ, ташхису табобати бемории коронавируси COVID-19 ва истифодаи либосҳою маводҳои безараргардонанда омӯзонида шуданд. Дар маҷмӯъ 342 нафар табибон омода карда шуданд ва барои ташхису табобати беморон сафарбар  гардиданд.

Ҳамчунин дар нишаст зикр гардид, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ баҳри пешгирӣ кардан ва табобати ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус COVID-19  бо ҷалби равоншиносон, мутахассисони самти ғизои солим, беҳдошт, сироятшиносӣ, бемориҳои дарунӣ барои ба аҳолӣ фаҳмонидани масъалаҳои вобаста ба риояи оромӣ, тартибу низом,  қойидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва таркиби ғизои истеъмолшавандаву тарзи ҳаёти солим  тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Июль 16, 2020 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид