ФУТБОЛ. Аҳтам Назаров ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе баргашт
ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бозигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол Аҳтам Назаров, ки дар Чемпионати Бангладеш ҳунарнамоӣ мекард, ба дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баргашт. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, бозингари шинохтаи тоҷик Аҳтам Назаров, ки дар дастаи футболи «Башундара Кингз»-и Бангладеш ҳунарнамоӣ мекард, баъд аз танаффуси начандон зиёд ба ҳайати дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баргаштааст. Қарордод байни даста ва футболбоз то охири соли 2021 баста шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Аҳтам Назаров аз соли 2013 то 2019 шарафи дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанберо ҳимоя мекард. Номбурда дар дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе таҳти шумораи 20 бозӣ мекунад.








ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2026. Наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи 1/16-ниҳоӣ бо тими Италия рақобат мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба марҳилаи 1/16-ниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Муҳаммаданис Солиҳов дар Мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» соҳиби медали тилло гардид
Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад






