ФУТБОЛ. Замони баргузории бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ муайян шуд

Июль 1, 2020 10:32

ДУШАНБЕ, 01.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври ҳаштуми  Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ  4-5 июл доир хоҳанд шуд. Ин мавзӯъро шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

4 июл  дастаҳои футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Локомотив-Помир»-и Душанбе  бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Душанбе-83»-и Душанбе  бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва 5 июл дастаҳои  КМВА бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бо «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  бо ҳам рақобат мекунанд.

Қобили зикр аст, ки  бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 27-28 июн дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор гардиданд. Бозии аввал миёни ду дастаи вилояти Хатлон – «Хатлон»-и шаҳри  Бохтар ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби мусовӣ 1:1 анҷом ёфт. Дилшод Баротов футболбози дастаи «Файзканд» дар дақиқаи 59-ум ҳисобро кушод. Баъд аз 10 дақиқа бохтариҳо бо голи Парвиз Боқӣ-Охунов ҳисобро баробар карданд. Бозӣ миёни дастаҳои «Куктош» ва КМВА низ мусовӣ – 0:0 ба охир расид. Дар бозии дигар дастаи футболи   «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ба дарвозаи тими «Локомотив-Помир»-и Душанбе ду голи беҷавоб зад. Аввалин се холро дар мавсими нав истаравшаниҳо тавассути зарбаҳои нишонраси Илҳом Баротов дар дақиқаҳои 53-юм ва 90+1-уми дидор ба даст оварданд. Бояд зикр кард, ки  дар доираи рақобатҳои даври 7-уми Лигаи олӣ дастаи футболи  «Душанбе-83»-и Душанбе ба меҳмонии дастаи «Регар-ТадАЗ» сафар кард. Вохӯрии мазкур бо натиҷаи 2:1 ба суди дастаи футболи «Душанбе-83» хотима ёфт.

Хотиррасон мешавем, ки вохӯрии марказии ин мавсим дар даври 7-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо як шукӯҳу шаҳомати хоса доир гардид. Рақобати ин ду даста дар ҳама давру замон пуршиддат сурат мегирад. Қаҳрамони феълии кишвар дастаи «Истиқлол» ба меҳмонии ноибқаҳрамони мамлакат тими «Хуҷанд» сафар кард. Сабқати ин ду дастаи шинохтаи тоҷик дар шаҳри Хуҷанд доир шуда, бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи дастаи «Истиқлол» хотима ёфт. Ҳанӯз се дақиқа пас аз ҳуштаки довари бозӣ — Санҷар Рихсибоев бо як усули зебо дарвозаи Рустам Ятимовро рахна намуд. Мизбонон боварӣ доштанд, ки ин натиҷаро нигоҳ медоранд, аммо дар дақиқаи 16-ум беҳтарин нишонзани чемпионат Манучеҳр Ҷалилов ҳисобро баробар кард. Баъдан дар идомаи рақобат Алишер Ҷалилов ва Вахит Оразсахедов ду маротибаи дигар дарвозаи «Хуҷанд»-ро рахна сохта, ҳисобро 3:1 намуданд.

Ҳамин тавр дастаи  футболи «Истиқлол»-и Душанбе ягона дастае боқӣ мондааст, ки то ҳол талхии бохтро начашидааст. Дар ҳоли ҳозир дастаи «Истиқлол» бо дарёфти 19 хол садрнишини ҷадвал ба ҳисоб меравад. Дастаи  футболи «Хуҷанд» бошад, имкони ба зинаи дуюм баромаданро аз даст дода, бо 13 имтиёз дар ҷои 3-юм қарор гирифт.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 7-ум

«Хуҷанд» – «Истиқлол» – 1:3

Голҳо: Санҷар Рихсибоев, 3 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 16 (1:1). Алишер Ҷалилов, 75 (1:2). Вахит Оразсахедов, 90+2 (1:3).

«Регар-ТадАЗ» – «Душанбе-83» – 1:2

Голҳо: Агблей Ҷонс, 45+1 (0:1). Идрис Амину, 69 (0:2). Изатулло Рузиев, 88 – (худгол) (1:2).

«Хатлон» – «Файзканд» – 1:1

Голы: Дилшодҷон  Баротов, 59 (0:1). Парвиз Боки-Ахунов, 69 (1:1).

«Куктош» – КМВА– 0:0

«Истаравшан» – «Локомотив-Памир» – 2:0

Голы: Илҳом Баротов, 53 (1:0). Илҳом Баротов, 90+1 (2:0). 

   Б      Ғ      М      Б      Т-Т      Х    
 1    «Истиқлол» (Душанбе)      7  6  1  0  34-5  19
 2 «Хатлон» (Бохтар)  7  4  2  1  13-10    14
 3  «Хуҷанд»(Хуҷанд)  7  4  1  2  14-10  13
 4  «Душанбе-83» (Душанбе)    7  3  1  3  6-12  10
 5 «Файзканд»(Восеъ)  7  2  4  1  9-10  10
 6  «Куктош» (Рӯдакӣ)  7  2  3  2  7-9  9
 7  КМВА (Душанбе)  7  2  2  3  8-10  8
 8  «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)    7  2  1  4  11-15  7
 9 «Локомотив-Помир»  (Душанбе)    7  1  1  5  7-13  4
 10   «Истаравшан»  (Истаравшан)  7  1  0  6  6-21  3

 

Манучеҳр  Ҷалилов («Истиқлол») – 9 гол, Алишер  Ҷалилов («Истиқлол») – 6 тӯб , Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (  ҳама аз «Истиқлол»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон»), Илҳом Баротов («Истаравшан») – 5 тӯб     Вахит Оразсахедов («Истиқлол»), Худойдод Узоқов («Хатлон»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Шодибек Гаффоров (КМВА)  4  тӯб, Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»)  Идрис Аминов («Душанбе-83»)  3-тӯбӣ.

Июль 1, 2020 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд