Футболбозони Тоҷикистону Ӯзбекистон бозии дӯстона анҷом медиҳанд

Июль 8, 2020 09:18

ДУШАНБЕ, 08.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон барои баргузор намудани бозии дӯстона байни ин ду кишвар ба мувофиқа расиданд. Вохӯрии мазкур санаи 4 сентябр дар  шаҳри Тошканд баргузор мешавад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, бозии дӯстона байни дастаҳои  мунтахаби  Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бояд 31  март баргузор мешуд, вале бинобар сабаби бемории   коронавирус вақти баргузории ин дидор мавқуф гузошта шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки дастаҳои  мунтахаби Тоҷикистон ва Ӯзбекистон то ин замон  байни ҳамдигар 8 вохӯрӣ доир намудаанд. Маротибаи охир дастаҳо 15 ноябри соли 2011 дар  шаҳри Тошканд бозӣ намуда буданд.

 Таърихи вохӯриҳои  байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ӯзбекистон:

Ҷоми Осиёи Марказӣ

Тоҷикистон – Ӯзбекистан – 2:2

Голҳо Тоҷикистон: Муҳсин Муҳаммадиев, 72, 86.

17 июни соли 1992, Тошканд, Ӯзбекистон

Мусобиқаи байналмилалӣ

Ӯзбекистон – Тоҷикистон– 1:1

Голи Тоҷикистон: Валентин Шашков, 25.

17 апрели соли 1994, Тошканд, Ӯзбекистон

Ҷоми Осиё-1996. Марҳилаи интихобӣ

Тоҷикистон– Ӯзбекистон – 4:0

Голҳо: Ҳаким Фузайлов, 3, пеналти, Алиёр Ашурмамадов, 65, 67, Арсен Аваков, 87.

8 маяи соли 1996, Душанбе, Тоҷикистон

Ҷоми Осиё-1996. Марҳилаи интихобӣ

Ӯзбекистон – Тоҷикистон – 5:0

19 июни соли 1996, Тошканд, Ӯзбекистон

Ҷоми Осиё-2004. Марҳилаи интихобӣ

Ӯзбекистон – Тоҷикистон– 0:0

10 ноябри соли 2003, Тошканд, Ӯзбекистон

Ҷоми Осиё-2004. Марҳилаи интихобӣ

Тоҷикистон – Ӯзбекистон – 1:4

Голи Тоҷикистон: Пирмурод Бурҳонов, 65.

17 ноябри соли 2003, Бангкок, Таиланд

ҶҶ-2014. Марҳилаи интихобӣ. Даври сеюм

Тоҷикистон  – Ӯзбекистон – 0:1

2 сентябри соли 2011, Турсунзода, Тоҷикистон

ЧМ-2014. Марҳилаи интихобӣ. Даври сеюм

Ӯзбекистон – Тоҷикистон – 3:0

15 ноябри соли 2011, Тошканд, Ӯзбекистон

Июль 8, 2020 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид