ФУТЗАЛ. Имрӯз дар Душанбе бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2020 баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 18.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 июл, соати 14:00 дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андоз дар шаҳри Душанбе бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футзал баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Барои ба даст овардани ин ҷоиза дастаҳои футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд рақобат мекунанд. Бозӣ мазкур бидуни мухлис доир мешавад.
Ёдовар мешавем, ки мавсими нави Лигаи касбии футзали Тоҷикистон 21 июли соли равон оғоз мегардад. Барои ба даст овардани нишонҳо шаш дастаи мамлакат талош меварзанд.
Суперҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футзал:
18 июл (шанбе)
Оғози бозӣ соати 14:00
«Соро компания» (Душанбе) – «Сипар» (Хуҷанд)
Макони бозӣ: маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
АКС аз ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






