ФУТЗАЛ. Санаи баргузории бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2020 муайян шуд

Июль 22, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 22.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Санаи нави баргузории бозии Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал муайян шуд. Вохӯрии мазкур байни дастаҳои футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд 25  июли соли равон дар назар аст. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, бозии мазкур дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андоз дар шаҳри Душанбе соати 14:00 баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки бозии Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал бояд 18 июл доир мегардид, вале бинобар сабабҳои техникӣ ин вохӯрӣ ба 25 июл гузаронида шуд.   

Суперҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол  

25 июл (шанбе)  

Оғози бозӣ соати 14:00  

«Соро компания» (Душанбе) – «Сипар» (Хуҷанд)

Макони бозӣ: Маҷмааи варзишии Кумитаи андоз дар шаҳри Душанбе.

Июль 22, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд