Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ВМКБ сафар кард

Июль 2, 2020 11:23

ДУШАНБЕ, 02.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 июл дар асоси  дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо мақсади шиносоӣ ва назорати масъалаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин таҳлили  ҳолати воқеии  пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ва дар ин замина гузаронидани корҳои фаҳмондидиҳӣ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба сафари корӣ  баромад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».  

Зимни сафари корӣ мавриди баррасӣ қарор додани як зумра масъалаҳо, баргузории суҳбату вохӯриҳо бо мардум ва ҷалби онҳо бо корҳои ободонию созандагӣ,  омӯзиши ҳолати санитарию эпидемиологӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, табобати беморон ва нақшаҳо дар самти бунёди беморхонаҳои сироятӣ, омодагии муассисаҳои соҳаи маориф ба соли нави хониш, таъминоти хонандагон бо либоси мактабӣ,  таъминокии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо катҳои хоб, доруворӣ, таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ барои табибон, раванди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, махсусан дар иншоотҳои бунёдшавандаи ҷашнӣ, инчунин  тайёрӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустии вилоят дар назар аст.

Сафари корӣ аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ оғоз гардида, давоми чанд рӯзи дигар дар ноҳияҳои Рӯшон, Рошқаъла, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ идома меёбад.

Июль 2, 2020 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»