Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Ширин Исматуллозода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ВМКБ сафар кард
ДУШАНБЕ, 02.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 июл дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо мақсади шиносоӣ ва назорати масъалаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин таҳлили ҳолати воқеии пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ва дар ин замина гузаронидани корҳои фаҳмондидиҳӣ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба сафари корӣ баромад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни сафари корӣ мавриди баррасӣ қарор додани як зумра масъалаҳо, баргузории суҳбату вохӯриҳо бо мардум ва ҷалби онҳо бо корҳои ободонию созандагӣ, омӯзиши ҳолати санитарию эпидемиологӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, табобати беморон ва нақшаҳо дар самти бунёди беморхонаҳои сироятӣ, омодагии муассисаҳои соҳаи маориф ба соли нави хониш, таъминоти хонандагон бо либоси мактабӣ, таъминокии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо катҳои хоб, доруворӣ, таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ барои табибон, раванди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, махсусан дар иншоотҳои бунёдшавандаи ҷашнӣ, инчунин тайёрӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустии вилоят дар назар аст.
Сафари корӣ аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ оғоз гардида, давоми чанд рӯзи дигар дар ноҳияҳои Рӯшон, Рошқаъла, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ идома меёбад.








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






