Хадамоти алоқа: «Барои баланд гаштани суръати интернети мобилӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд»
ДУШАНБЕ, 13.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 30 июни соли равон азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилиро бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 дар ҳаҷми 4 миллиону 68 ҳазору 537 муштарӣ анҷом додааст. Айни ҳол истифодабарандагони алоқаи мобилӣ, ки то ҳол симкортҳояшон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 дар фаъолият мебошанд ва тибқи тартиби мазкур азнавбақайдгириро нагузаштанд 2 миллиону 957 ҳазору 293 ададро ташкил медиҳанд. Барои бақайдгирии саривақтии симкортҳо бемории сироятии коронавирус монеа эҷод намуд. Азнавбақайдгирии симкортҳои муштариён то моҳи феврали соли 2022 тамдид карда шудааст. Дар шаш моҳи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ 7 миллиону 025 ҳазору 830 ададро ташкил медиҳад, аз он ҷумла 5 миллиону 325 ҳазору 978 ададашон муштариёни фаъол мебошанд.
Ин матлаб имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев баён гардид.
Илҳомҷон Атоев дар посух ба саволҳои зиёди хабарнигорон оид ба суръати интернет дар ҷумҳурӣ иброз дошт, ки «имсол суръати интернет то 2,8 Гб секунд баланд карда шуд. Барои баланд гаштани суръати интернети мобилӣ тамоми реҷаи кории ширкатҳои мобилӣ, яъне истгоҳҳои баъзавӣ бояд пурра аз 3G ба 4G гузаронида шаванд. Айни ҳол ин раванд на танҳо дар марказ, балки дар тамоми ҷумҳурӣ рафта истодааст ва дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд».
Номбурда ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли равон шумораи истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ 3,18 миллион нафар муштариро дарбар мегирад.
Дар нишаст зикр гардид, ки барқарорсозии шабакаи Ҳукумати электронӣ дар байни вазорату идораҳои давлатӣ идома дорад. Айни ҳол 50 вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ба шабакаи мазкур пайваст карда шуда, барои роҳандозии сегменти якум, яъне байни шуъбаҳои умумии вазорату идораҳо ташкил намудани мубодилаи электронӣ тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






