Хадамоти алоқа: «Барои баланд гаштани суръати интернети мобилӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд»

Июль 13, 2020 14:16

ДУШАНБЕ, 13.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 30 июни соли равон азнавбақайдгирии симкортҳои алоқаи мобилиро  бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 дар ҳаҷми 4 миллиону 68 ҳазору 537 муштарӣ анҷом додааст. Айни ҳол истифодабарандагони алоқаи мобилӣ, ки то ҳол симкортҳояшон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 дар фаъолият мебошанд ва тибқи тартиби мазкур азнавбақайдгириро нагузаштанд 2 миллиону 957 ҳазору 293 ададро ташкил медиҳанд. Барои бақайдгирии саривақтии симкортҳо  бемории сироятии коронавирус монеа эҷод намуд. Азнавбақайдгирии симкортҳои муштариён  то моҳи феврали соли 2022 тамдид карда шудааст. Дар шаш моҳи соли равон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ 7 миллиону 025 ҳазору 830 ададро ташкил медиҳад, аз он ҷумла 5 миллиону 325 ҳазору 978 ададашон муштариёни фаъол мебошанд.

Ин матлаб  имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  аз ҷониби муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев баён гардид.

Илҳомҷон Атоев дар посух ба саволҳои зиёди хабарнигорон оид ба суръати интернет дар ҷумҳурӣ иброз дошт, ки «имсол суръати интернет то  2,8 Гб секунд баланд карда шуд. Барои баланд гаштани суръати интернети мобилӣ тамоми реҷаи кории ширкатҳои мобилӣ, яъне истгоҳҳои баъзавӣ бояд пурра аз 3G ба 4G гузаронида шаванд. Айни ҳол ин раванд на танҳо дар марказ, балки дар тамоми ҷумҳурӣ рафта истодааст ва дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд».

Номбурда ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввали соли равон шумораи истифодабарандагони интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ 3,18 миллион нафар муштариро дарбар мегирад.

Дар нишаст зикр гардид, ки барқарорсозии шабакаи Ҳукумати электронӣ дар байни вазорату идораҳои давлатӣ идома дорад. Айни ҳол 50 вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ба шабакаи мазкур пайваст карда шуда, барои роҳандозии сегменти якум, яъне байни шуъбаҳои умумии вазорату идораҳо ташкил намудани мубодилаи электронӣ тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Июль 13, 2020 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид