Имрӯз вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, адлия, кишоварзӣ, Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ доранд

Июль 13, 2020 08:20

ДУШАНБЕ, 13.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 июл Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияташон дар нимсолаи якуми соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишастҳои матбуотии Вазорати адлия соати 09:00, Хадамоти алоқа соати 11:00 ва Вазорати энергетика ва захираҳои об соати 15:30 дар Маркази матбуоти ҷумҳуривии АМИТ «Ховар» баргузор мешаванд.

Вазорати кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои кишоварзӣ соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур нишасти матбуотиро барпо менамояд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузор намудани нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ  (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) гузаронидан, мувофиқа мекунанд.

Ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» —www.khovar.tj  эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо тибқи нақшаи тасдиқкардаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июл оғоз гардида, 31 июл ба анҷом мерасанд.

Бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус, ба диққати масъулин ва иштирокчиёни нишастҳои матбуотӣ расонида мешавад, ки талаботҳои беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19-ро қатъиян риоя намоянд.

Июль 13, 2020 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд