Маҳмадулло Раҷабзода: Донишҷӯёни хориҷӣ таҳсилро ба ҳайси шунавандаи курси забони тоҷикӣ идома медиҳанд
ДУШАНБЕ, 23.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони тоҷикӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷи рӯз ба рӯз зиёд мегардад. Бо назардошти ин дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ роҳандозӣ гардидааст. Баъди хуруҷи бемории сироятии COVID-19 фаъолияти курси забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар донишкадаи мазкур таҳсил мекунанд, мувақаттан боздошта шуд, аммо бо оғози соли нави хониш омӯзиш дар курси мазкур дубора шуруъ мегардад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи мазкур Маҳмадулло Раҷабзода зикр намуда, илова кард, ки аз ҷумлаи шунавандаҳои чунин курсҳо 3 нафар донишҷӯи хориҷӣ — 2 шаҳрванди Мексика ва 1 донишҷӯ аз Туркия ба шумор мераванд, вале теъдоди хоҳишмандон барои иштирок дар ин курсҳо хеле зиёд аст.
Номбурда илова кард, ки ҳоло Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон бо 50 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат ва ташкилоту муассисаҳои бурунмарзӣ созишномаву қарордодҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расонидааст.
Ба гуфти мавсуф, дар заминаи ин ҳамкорӣ 4 нафар омӯзгори донишкада дар хориҷи мамлакат аз такмили итисос гузаштанд.
«Чунин робитаҳои судманд барои баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии мутахассисони соҳибтахассусу забондон ва ҷавобгӯ ба бозори меҳнат мусоидат менамоянд»,- афзуд номбурда.
Феълан дар зинаи магистратура, аспирантура ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) 6 нафар дар хориҷи ҷумҳурӣ идомаи таҳсил доранд.
Ба таъкиди Маҳмадулло Раҷабзода, яке аз дастовардҳои муҳими донишкада — таҳсили донишҷуён дар хориҷи мамлакат ва иштироки онҳо дар озмунҳои илмиву фарҳангӣ мебошад, ки дар айни замон 4 донишҷӯ дар Донишгоҳи Токиои Япония таҳсил доранд.
Ҳоло дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон 5 факултет, аз ҷумла филологии тоҷик ва рус, забони англисӣ, забонҳои Аврупо ва Осиё амал менамоянд, ки дар онҳо қариб 5 ҳазор донишҷӯ дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил доранд.








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






