Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд

Июль 4, 2020 10:45

ДУШАНБЕ, 04.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабоне, ки дар даври асосии ИМД қисми А имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ ё қисми Б имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ иштирок карда натавонистанд, 12 июл даври иловагии имтиҳонҳоро дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ доир менамоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, довталабе, ки дар даври асосии имтиҳон иштирок карда натавонист ва дар даври иловагии имтиҳон иштирок кардан мехоҳад, бояд маблағи иловагии хизматрасониро пардохт намуда, ба маркази имтиҳонсупорӣ ариза пешниҳод намояд.

Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ дар соли 2020 барои як довталаби дар даври иловагии имтиҳон қисми А ё Б иштироккунанда 60 сомонӣ муқаррар намудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти маблағро дар даври иловагии ба чунин шахсон озод намудааст:

— ятимони кул ва бепарасторони то 21-сола,

— маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва кӯдакони маъюбе, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд.

Шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм аз пардохти 50 фоиз маблағ барои хизматрасонӣ дар даври иловагии ИМД-2020 озоданд.  Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум, 2-юм ё «кӯдаки маъюб» бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар даври иловагии пурра озод мебошад. Он нафаре, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ ё марҳалаи иловагии бақайдгирӣ сабти ном накардаанд, ҳуқуқи иштирок карданро дар даври иловагии имтиҳонҳо надоранд.

Муҳлати қабули аризаҳо дар шаҳру ноҳияҳо то 7 июл ва дар Марказ то 9 июл муқаррар гардидааст.

 

АКС аз бойгонӣ

Июль 4, 2020 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд