МАСЪАЛАИ «ҲАЁТУ МАМОТ». Роҳбари СУТ рафтори одамонро дар замони пандемияи коронавирус чунин номид
ДУШАНБЕ, 24.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Директори генералии СУТ рафтори одамонро ҳангоми пандемия масъалаи «ҳаёту мамот» номид. Вай ҳамаро ва ҳар фардро даъват кард то дарк кунанд, ки саломатӣ ва ҳаёти на танҳо онҳо, балки бехатарии атрофиёнашон ба мурооти содатарин чораҳои эҳтиётӣ вобаста аст. Доктор Тедрос Гебрейесус дирӯз, 23 июл дар брифинги матбуотӣ дар Женева дар ин бора ҳушдор дод, — хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти ахбори СММ.
Зимни ифтитоҳи конфронси матбуотӣ сарвари СУТ иттилоъ дод, ки шумораи шахсони мубталои COVID-19 аллакай аз марзи 15 миллион нафар гузашта, 620,000 ҷон бохтаанд. Дар айни замон тақрибан 10 миллион ҳолати сироятёбӣ ба 10 кишвар ва тақрибан нисфи ин ҳолатҳо ба се давлат: ИМА, Бразилия ва Ҳиндустон рост меоянд.
Доктор Тедрос хотиррасон намуд, ки рукнҳои асосии мубориза бар зидди коронавирус- ин роҳбарии муассири сиёсӣ ва иштироки шаҳрвандон мебошанд. «Қонун яке аз афзорест, ки ҳукумат метавонад истифода кунад — на барои маҷбур кардан, балки барои муҳофизати саломатии аҳолӣ бо мурооти пурраи ҳуқуқҳои он», — гуфт доктор Тедрос ва илова кард, ки дирӯз СУТ якҷо бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ) ва Донишгоҳи Ҷорҷтаун дар Иёлоти Муттаҳида ташкили лабораторияи COVID-19 Law Lab — ро эълом намудем, ки онро метавон ҳамчун «лабораторияи ҳуқуқӣ» тарҷума намуд. Ин махзан маълумотро дар бораи асноди меъёрии қабулнамудаи кишварҳо алайҳи пандемия дар бар мегирад.
Онҳо метавонанд ба масъалаҳои ҷорӣ намудани карантин ва вазъияти фавқулода, пӯшидани ниқобҳо ва нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ, дастрасӣ ба доруворӣ ва ваксинаҳо дахл дошта бошанд.
Ба гуфти роҳбари СУТ, қонунҳои хуб андешидашуда метавонанд ба таҳкими системаи тандурустӣ, истеҳсоли доруҳои босифату муассир ва ваксинҳо мусоидат кунанд, инчунин бехатарии шаҳрвандонро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дар ҷои кор таъмин намоянд.
«Аммо, қонунҳои корношоям ва ё қонунҳое, ки дуруст татбиқ намешаванд, метавонанд ба аҳолии осебпазир зарба зананд, тамға ва табъизро пойдор ва мубориза бо пандемияро душвортар кунанд», — огоҳ намуд доктор Тедрос.
«Вале воситаи пурзӯртар нисбатан ба қонун — ин ба мардум додани иттилоот мебошад, ки ба онҳо кори муҳофизати худ ва атрофиёнашон кумак намояд. Дар ин ҳолат одамон метавонанд дар асоси иттилооти воқеӣ ва санҷидашуда тасмим бигиранд ва хатарҳои ҷойдоштаро пурра дарк намоянд.
Дар ниҳояти кор, зикр намуд Тедрос, ҳамааш ба интихоби мо вобаста аст. «Мо аз ҳама ва ҳар фард хоҳиш мекунем, то онҳо дарк кунанд, ки вақте тасмим мегиранд ба куҷо бираванд, чӣ кор кунанд, бо кӣ мулоқот намоянд, яъне ҳар қарори шумо — ин интихоб байни ҳаёт ва марг аст», — гуфт доктор Тедрос. «Шояд он ба зиндагии шумо дахл накунад, аммо он метавонад масъалаи ҳаёт ва марг барои наздиконатон ё одамони ношинос гардад».
Директори генералии СУТ хотиррасон кард, ки дар ҳафтаҳои охир, ҳатто дар он ҷое, ки интиқоли COVID-19 қатъ шуда буд, пас аз боздидҳо аз клубҳои шабона, барҳо ва дигар ҷойҳои серодам хуруҷҳои тозаи беморӣ сар заданд. Вай даъват кард, ки ба ҳеҷ ваҷҳ набояд роҳат шавем – то замоне, ки вирус дар гардиш аст, ҳар яки мо метавонем сироят ёбем. Доктор Тедрос огоҳ кард: «Умедвор набошед, ки касони дигар бехатарии шуморо таъмин менамоянд». «Ҳар яки мо вазифадорем, ки худ ва дигаронро муҳофизат намоем».
Аввал ин ки вазъиятро назорат кунед, даъват намуд вай. Оё шумо медонед, ки дирӯз дар он ҷое, ки зиндагӣ мекунед, чанд ҳолат сабт шуда буд? Оё медонед, ки ин маълумотро аз куҷо метавон дарёфт намуд?
Дуюм, доктор Тедрос идома дод, — оё шумо медонед, ки чӣ тавр худро аз хатар нигоҳ бояд дошт? Оё шумо фосилаи иҷтимоиро – як метр нигоҳ медоред? Оё шумо чун пештара дастҳоятонро боддиқат шустушӯ мекунед? Оё шумо тавсияҳои ҳукуматҳои худро иҷро мекунед?
«Пандемия ҳаёти миллиардҳо одамонро вожгун кард. Бисёриҳо моҳҳо хонанишин шудаанд, — гуфт роҳбари СУТ. — Албатта, одамон мехоҳанд ба зиндагии муқаррарӣ баргарданд. Аммо бозгашт ба зиндагии муқаррарии қаблӣ ғайриимкон аст. Пандемия аллакай тарзи ҳаёти моро тағйир додааст. Ва барои ба «меъёри нав» мутобиқ шудан мо бояд худамон ва дигаронро ҳифз кунем».
ДАР АКС: тибқи маълумоти тадқиқот, аксарияти шахсони гирифтори COVID-19 ягон аломат надоранд, бинобар ин, ҳангоми эпидемия зимни муошират бо одамони дигар бояд фосила нигоҳ дошта шавад. АКСИ СММ-Украина / В. Шуваев