«МИР-24»: Сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон маъмул мешавад
ДУШАНБЕ, 13.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Аз тамаддун роҳат шавед, муваққатан телефони дастии худро хомӯш ва бе интернет бимонед. Баъзан ин беҳтарин ва муфидтарин истироҳат аст. Хусусан ин ҷо, дар кӯҳҳои Тоҷикистон, ки иқлими хос доранд», — мегӯяд мухбири шабакаи телевизионии «MИР-24».
Беҳтарин истироҳат — дар домони табиат. Дар хайма ё меҳмонхона – инро ҳар кас худаш интихоб мекунад. Сокинони Тоҷикистон дар фасли тобистон кӯшиш мекунанд аз шаҳрҳо, ки ҳавояшон дамгир аст, берун бираванд. Ба ҷойе бираванд, ки ҳарорат муътадил бошад, масалан, ба кӯҳистон. Сайёҳати эклогӣ дар ҷумҳурӣ сол то сол маъмултар мешавад.
Шаҳрҳо – ҷангалоти анбӯҳи сангбунёд мебошанд. Ҳангоми тобистон, вақте ки ҳарорати ҳаво 40 ва аз он боло меравад, дил майли табиат, ҷойе, ки ҳавои он салқин бошад, мекунад. Сокинони Тоҷикистон аз гармо ва ҳавои олуда дар кӯҳҳо паноҳ мебаранд.
Ҳамагӣ пас аз ним соати аз Душанбе хориҷ шудан иқлим дигар мешавад. Аз кӯҳҳо насими форами сард мевазад. Дар ин ҷо Искандар Ҷалилов хонаи экологӣ сохтааст. Ин лоиҳаи тиҷоратӣ нест, балки ҷойест, ки шумо метавонед вақтро дар ҳамоҳангӣ бо табъи худ, аҳли оила, дӯстон ва табиат сипарӣ намоед. Ин ҷо ҷойест, ки меваҳо ва гулҳо фаровонанд ва пулест барои ошиқон. Барои гузаронидани вохӯриҳо имоконот фаровон аст. Баъзе меҳмонон ин ҷойро майдони дилхушӣ меноманд, шомгоҳон дар ин ҷо гулхан афрӯхта мешавад.
«Дар ин ҷо ситораҳо бениҳоят зебоянд, маҳз дар ҳамин ҷо ба назар мерасад, ки онҳо наздиктар ва дурахшонтаранд. Ин ҷойи парвози хаёлот аст, ба ин ҷо сангҳои табиӣ аз Ашта оварда шудаанд», – мегӯяд Искандар Ҷалилов.
Чароғҳо аз шохаҳои дарахти себ, дастшӯ аз дег сохта ва сангҳои ин ҷо аз қаъри дарёи кӯҳӣ оварда шудаанд. Дар ин ҷо на танҳо тан, балки рӯҳи одам роҳат мекунад. Аксари сокинони Душанбе аз шаҳри пуршӯр маҳз ба ҳамин ҷо меоянд.
«Теъдоди зиёди меҳмонони мо қодиранд, ки хонаҳои гаронбаҳо харидорӣ намоянд, аммо онҳо ба ин ҷо барои бо табиат пайвастан меоянд», — гуфт Искандар Ҷалилов.
Мамнӯъгоҳи давлатии «Алмосӣ» дар баландии зиёда аз ду ҳазор метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Ҳарорати ҳаво дар ин ҷо нисбат ба шаҳр ҳамеша 10 дараҷа поинтар аст. Илова бар ин дамои ҳаворо шамолаки сард, ки аз қуллаҳои барфпӯш мевазад, сард менамояд. Ҳавои соф — шояд чизи асосӣ ҳамин бошад, ки сайёҳон ин ҷойро дӯст медоранд.
«Ин мамнӯгоҳ 40 сол пеш барои ҳифзи генофонд ва эҳё намудани ҷойҳои нашъунамои намудҳои нодири растаниҳои Тоҷикистон, ки ба Китоби Сурх дохил шудаанд, таъсис ёфта буд. Дар ин ҷо мо гаштугузори хирсҳо ва палангҳоро назорат мекунем», — гуфт ҷангалбон Мурод Орипов.
Дуруст аст, ки дар дарёи кӯҳӣ оббозӣ кардан наметавонед. Об мисли ях сард аст ва аз қуллаҳои кӯҳҳо сарчашма мегирад. Илова бар ин, баъзе қойидаҳоро риоя намудан зарур аст. Шикори ҳайвонҳо ва моҳидорӣ манъ аст — ин ҷо мамнӯъгоҳ мебошад. Вале истироҳаткунандагон метавонанд дар ин ҷо хаймаҳои худро бигузоранд. Бо сабаби маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирус, соли равон сайёҳон хеле каманд. Аксари онҳо одамони маҳаллӣ мебошанд.
«Солҳои пеш сайёҳон ба Ҳисор мерафтанд, то қалъаи таърихиро бубинанд, дар бораи тарзи зиндагӣ ва маъишати одамон маълумот ҳосил намоянд, вале вақтҳои охир теъдоди зиёди меҳмонон ба кӯҳҳо мераванд. Ва сайёҳии экологӣ торафт маъмултар мешавад. Ба ҷойи мо асосан меҳмонон аз Россия, Қазоқистон ва ИМА меоянд. Мо 16 истироҳатгоҳ ва 6 осоишгоҳ дорем. Пешниҳодҳои дигар низ дорем», — гуфт сардори шуъбаи рушди сайёҳии шаҳри Ҳисор Муҳиддин Саидов.
Аз тамаддун роҳат шавед, муваққатан телефони дастии худро хомӯш ва бидуни интернет бимонед. Ин баъзан беҳтарин ва муфидтарин истироҳат аст. Хусусан ин ҷо, дар кӯҳҳо, ки иқлими хос доранд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»






