ММТ: даври асосии имтиҳонҳо баргузор гардид

Июль 7, 2020 11:10

ДУШАНБЕ, 07.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи ҷадвали муқарраршуда аз 1 то 7 июли соли равон дар 48 маркази имтиҳоние, ки тибқи рӯйхати тасдиқкардаи  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) ташкил карда шудаанд, даври асосии имтиҳонҳо баргузор гардид. Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) имсол 19 июл ба нақша гирифта шудааст.

Тавре аз Маркази миллии тестӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  даври асосии имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – қисми А барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вобаста аз ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо, тибқи ҷадвали баргузории имтиҳонҳо (даври асосӣ), то 6 июл идома ёфта, довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – қисми Б-ро дар даври асосӣ имрӯз, 7 июл месупоранд.

Барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 2-юми март то 30-юми апрел) номнависшуда, ки гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихоб кардаанд, имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – қисми А баргузор  гардид. Қисми А аз чор субтест иборат аст, ки барои гурӯҳи ихтисосҳои зикршуда фанҳои забони тоҷикӣ, математика, химия ва физикаро дар бар мегирад. Дар ин қисми имтиҳон довталаб субтести забони тоҷикиро ҳатман ба забони тоҷикӣ ва субтестҳои дигарро, вобаста аз забони имтиҳонсупорӣ, ки ҳангоми бақайдгирӣ интихоб кардааст, ба забони тоҷикӣ ё русӣ месупорад. Барои қисми А 220 дақиқа муқаррар шудааст.

Дар соли 2020 шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда 98840 нафарро ташкил дод. Тавре ки маълум аст, аз соли 2019 қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) низ тавассути ИМД ба роҳ монда шуд. Шумораи довталабони дорои таҳсилоти умумии асосии дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда дар соли ҷорӣ ба 10033 нафар баробар аст.

Барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии гурӯҳи ихтисосҳои 5 –ум  (тиб, биология ва варзиш)-ро интихобкарда, бинобар аз шумораи ҷойҳои нишасти пешбинишуда дар синфхонаҳо зиёд будани шумораи ин довталабон, имтиҳонҳо (қисми А) ба тартиби зерин 2-рӯзӣ гузаронида мешавад:

— рӯзи аввал – барои довталабоне, ки забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ буда, охири рақамҳои назоратияшон тоқ аст ва барои ҳамаи довталабони забони имтиҳонсупориашон русӣ;

— рӯзи дуюм – барои довталабоне, ки забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ буда, охири рақамҳои назоратияшон ҷуфт аст.

Барои ташкил, баргузорӣ ва идораи имтиҳонҳо, ба ғайр аз кормандони асосии Марказ, беш аз 2350 нафар корманди муваққатии дар асоси озмун интихобгардида, ки бо онҳо шартномаи меҳнатӣ баста шудааст, ҷалб карда шудаанд. Барои назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, инчунин барои қабули қарори дахлдор дар сурати рух додани мушкилот 120 нафар ҳамчун намояндаи ваколатдори Марказ ба марказҳои имтиҳонӣ равона карда шудаанд.

Инчунин, мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, ки ҳайати онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияе, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ кардааст. Шумораи умумии ҳайати комиссияҳои ҷамъиятии ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ соли ҷорӣ 144 нафарро ташкил медиҳад.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани имтиҳони қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) дар шароити паҳншавии бемории COVID-19 як қатор тадбирҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, ҳар як маркази имтиҳонӣ бо мавод ва воситаҳои зарурӣ тибқи талаботи санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ таъмин карда шуд. Дар ҳар як маркази имтиҳонӣ иловатан як корманди техникӣ барои анҷом додани корҳои безараргардонӣ (дезинфексия) ҷалб гардид.

Корҳои тамйизгардонӣ (зиддиуфунӣ, дезинфексия) як рӯз пеш аз оғози имтиҳонҳо шурӯъ гардида, дар ин рӯз поксозии ҳамаи синфхонаҳои имтиҳонӣ ва ҳуҷраҳои дигар бакуллӣ анҷом дода шуд. Корҳои тамйизгардонӣ ба таври ҳатмӣ ҳамарӯза пас аз баргузории имтиҳон низ роҳандозӣ мешаванд.

Ҳар маркази имтиҳонӣ вобаста аз шумораи довталабону дигар шахсони дар маркази имтиҳонӣ ҳузурашон пешбинишуда бо оби нӯшокӣ (барои ҳар як нафар дар зарфи алоҳида) таъмин карда шудааст.

Кормандони муваққатию доимӣ ва шахсони дигари дар марказҳои имтиҳонӣ ба кор ҷалбгардида, ки бевосита бо довталабон кор мекунанд, бояд ниқоби тиббӣ ва дастпӯшакҳои резинии тиббӣ пӯшанд. Барои кормандони дигар танҳо пӯшидани ниқоб ҳатмист. Дар ҳар як маркази имтиҳонӣ бунгоҳи тиббӣ ташкил гардида, бо кормандони тиб ва маводди зарурӣ барои ёрии аввалини тиббӣ таъмин карда шудааст. Пеш аз воридшавии довталабону шахсони дигар ба маркази имтиҳонӣ ҳарорати бадани ҳар яки онҳо санҷида мешавад. Барои санҷидани ҳарорат аз дастгоҳи ҳароратсанҷи фосилавӣ (ғайритамосӣ) истифода карда мешавад.

Тавре ки маълум аст, Марказ ҳамеша барои такмилу таҷдиди низоми ИМД мекӯшад. Навгонии назаррас дар низом дар соли ҷорӣ таҳияи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ аст, ки имсол ба роҳ монда мешавад. Мувофиқи ин тарҳ дар ИМД 2 қисми имтиҳони тавассути Марказ баргузоршаванда вуҷуд дорад: А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ ‒ синфи 11-ум) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ ‒ синфи 9-ум).

Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи довталабон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ бояд аз 15 нафар беш набошад. Довталабон дар синфхона дар паси ҳар як миз 1-нафарӣ шинонида мешаванд. Имтиҳонҳо тибқи тартиби мазкур, ки дар бораи он пеш аз оғози имтиҳон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ ба довталабон маълумот ва барои риояи талаботу қоидаҳои муқарраршуда дастур дода шуд, баргузор гардиданд.Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои шахсӣ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ) ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба тартиби гузаронидани имтиҳонҳо ба довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар шакли хаттӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо дода мешавад.

Аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории ИМД бояд бо далелҳо асоснок карда шуда, рӯзи имтиҳон, то баромадан аз маркази имтиҳонӣ ба номи роҳбари маркази имтиҳонӣ пешниҳод карда шавад.

Комиссияи апеллятсионӣ довталаб ё намояндаи қонунии ӯро аз қарори қабулкардаи комиссияи апеллятсионӣ огоҳ месозад.

Ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест дар давраи баргузории имтиҳонҳо ҳамарӯза пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасанд. Ин ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар асоси нусхаи варақаи ҷавобҳояш, ки дар кабинети инфиродияш гузошта шудаанд ва ҷавобҳои дуруст – калидҳои саволу масъалаҳои тести дар сомонаи Марказ нашршуда холҳояшро аз ҳар субтести имтиҳон мустақилона ҳисоб кунад. Ҳамчунин то нашри варақаи ҷавобҳо дар кабинети инфиродияш довталаб метавонад бо истифода аз китобчаи тест, ки дар дасташ аст, холҳои бадастовардаашро мустақилона ҳисоб кунад.

Яке аз навгониҳои соли ҷорӣ вобаста ба раванди имтиҳонҳо ба роҳ мондани пахши раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ дар ҳолати бархат (онлайн) тавассути камераҳои назоратӣ аст. Барои он Марказ тамоми таҷҳизоти заруриро дар ҳар як маркази имтиҳонӣ таъмин кардааст.

 

АКС аз бойгонӣ

Июль 7, 2020 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он
Дар Тоҷикистон соҳаи аритмиология рушд меёбад
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар ноҳияи Дарвоз се оила сазовори ҷойҳои намоён шуданд
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
Дар шаҳри Гулистон ба баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон аҳамияти хосса дода мешавад