Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
ДУШАНБЕ, 02.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 3 то 7 июл дар мамлакат ҳавои гарми ғайримуқаррарӣ ва омадани селҳои пиряхӣ дар назар дошта шудааст. Дар ин рӯзҳо гармии ҳаво аз 34 то 47 дараҷа пешгӯӣ мешавад. Баҳри ҳифзи саломатӣ дар чунин рӯзҳо чӣ бояд кард?
Бо расидани мавсими тобистон, ҳарорати ҳаво баланд шуда, ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Гармии шадид на танҳо нороҳатӣ меорад, балки метавонад боиси бемориҳое чун гармизадагӣ, хастагӣ, камобишавии бадан ва ҳатто хатарҳои ҷонӣ гардад. Аз ин рӯ, донистани роҳҳои дурусти муҳофизат аз гармӣ барои ҳар як шахс муҳим аст.
— кӯшиш кунед, ки дар зери нури бевоситаи офтоб кам гардед. Сарпӯш пӯшед ва метавонед аз чатр низ истифода баред;
— агар дар заминҳои наздиҳавлигӣ кор карданӣ бошед, пас онро то соати 11-и рӯз анҷом диҳед ва ҳатман танаффуси кӯтоҳ низ кунед;
— ба қадри кофӣ моеъ бинӯшед, аммо на нӯшокиҳои сард аз яхдон, балки оби гарм ё аз ҳама беҳтараш чойи сабз;
— Бештар меваю сабзавот истеъмол кунед. Аз хӯрокҳои бисёр тунд ва равғанӣ худдорӣ намоед. Аз дӯконҳое, ки бо дастгоҳҳои сардкунӣ муҷаҳҳаз нашудаанд, маҳсулот харидорӣ накунед, зеро маълум нест, ки онҳо чӣ қадар дар гармӣ буданд;
— дар рӯзҳои гарм либосҳоро аз матоъҳои табиӣ ва сабук интихоб кунед, беҳтараш бо ранги равшан. Вақте ҳарорати ҳаво аз +28 °C боло меравад, беҳтар аст, ки бе эҳтиёҷот берун набароед. Хусусан, вақте тобиши Офтоб беҳад баланд аст — аз соати 11 то 17;
— дар авҷи гармӣ худро бо фаъолияти ҷисмонӣ азият надиҳед. Тавре мутахассисисон иброз медоранд, дар вақти гармӣ рагҳои дар пӯст ҷойгиршуда васеъ мешаванд, набз ва нафаскашӣ тез мегарданд. Аксар вақт фишори хун паст мешавад. Аммо механизми асосии танзими ҳарорати бадан ҷудокунии арақ аст, ки бо гармии аз ҳад баланд зиёд мешавад. Масалан, дар ҳарорати ҳаво то +30 °C ва болотар аз он, арақкунӣ 4-5 маротиба зиёд мегардад. Дар рӯзи гарм, талафоти намӣ бо бори миёнаи ҷисмонӣ дар ҳаво аз 2 то 6 литрро ташкил медиҳад. Ва ин аллакай боиси камобӣ дар бадан мегардад;
— дар рӯзҳои гарми тобистон одамон ба оббозӣ мераванд. Аммо ҳатто дар ин ҷо низ нозукиҳо мавҷуданд. Илова ба қоидаҳои маъмулан қабулшудаи рафтор дар об, фаромӯш набояд кард, ки оббозӣ дар субҳ ё шом беҳтар аст. Ғайр аз он, ҳарорати об набояд аз +17 …+19 °С паст бошад (дар ҳарорати сардтар будан хатарнок аст);
— дар чунин ҳаво ҳеҷ чиз ҷойи ҳавополонро гирифта наметавонад. Дар дохили бинои дорои ҳавополон зери мавҷи мустақими ҳавои хунук нанишинед. Ҳавополонро дар ҳарорати на кам аз 18 дараҷа монед;
— Шахсони гирифтори бемориҳои дилу рагҳо дар мавриди истеъмоли доруҳо бояд ба табиб муроҷиат намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






