ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДУШАНБЕ, 31.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Танҳо рӯзона дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок шуда, эҳтимоли бориши нисбатан суст пешбинӣ шудааст. Дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония вазида, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда мешавад. Танҳо нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, бориши нисбатан сути марҳилавӣ пешгӯӣ мешавад. Дар охири рӯз борони суст борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 18+20 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд
То 10 январ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд
Дар шаҳри Гулистон корхонаи таъмири трансформаторҳо ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






