Олимҷон Муҳаммадҷонзода: «Барои рушди забони давлатӣ ба Ҳукумати мамлакат барномаи нав пешниҳод шудааст»

Июль 29, 2020 12:50

ДУШАНБЕ, 29.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик лоиҳаи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардад. Ин матлабро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон иброз дошт.

Ба иттилои номбурда, лоиҳаи барномаи нави рушди забони давлатӣ аз ҷониби Кумита таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Барномаи мазкур ҳадаф, вазифа, усулҳои татбиқ, самтҳои асосии ташаккул ва такомули забони давлатиро муайян намуда, дар ду марҳила ва шаш самт роҳандозӣ мегардад.

Марҳилаи аввал солҳои 2020-2025-ро дар бар гирифта,  таҳияи лоиҳаҳо барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузории соҳавиро фаро мегирад. Марҳалаи дуюм солҳои 2026-2030-ро дар бар гирифта, аз роҳҳои амалисозии масъалаҳои таҳқиқотии омӯзиши назорат ва ташкилӣ иборат мебошад.

Дар барнома таъмини рушди забони давлатӣ аз рӯи якчанд самт, аз ҷумла андешидани тадбирҳо барои таъмини заминаи меъёриву ҳуқуқӣ, таҳқиқи масъалаҳои назариявӣ ва амалияи забони давлатӣ,  таҳия ва нашри фарҳангномаҳо ва дастурамалҳо, омӯзиш, назорат, таҳлил ва амалӣ сохтани сиёсати давлатии забон, ҳифзи забонҳои миллатҳо ва халқиятҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, он забонҳое, ки дар мамлакат мавриди истифода қарор доранд, муайян мегарданд. Як бахши муҳими ин барнома ба ҳифзи забонҳои яғнобӣ ва бадахшонӣ бахшида шудааст.

Таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар ҳимоя ва рушди забони давлатӣ берун аз марзи Тоҷикистон аз ҳадафҳои дигари барнома ба шумор меравад. Дар вазъияти пандемия зарурат пеш омад, ки муҳассилин аз таҳсилоти фосилавӣ истифода баранд. Бо назардошти шароити имрӯзаи мамлакат ва ҷаҳон дар барнома омода кардани шаклҳои электронии фарҳангҳо, луғатномаҳо, китобҳои дарсӣ, дастурамал ва он воситаҳои таълимие, ки дар Тоҷикистон нашр мешаванд, низ ба назар гирифта шудааст.

«Дар маҷмӯъ дар барнома татбиқи давра ба давраи рушди забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ пешбинӣ гардидааст. Амалӣ гардидани ҳадафҳои ин барнома тӯли солҳои пешбинишуда ва марҳалаҳои баъдӣ барои рушди забони давлатӣ ва меъёрҳои он мусоидат хоҳад кард. Агар лоиҳаи барномаи навбатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардад, дастоварди навбатӣ дар роҳи татбиқи сиёсати давлатӣ дар мамлакат хоҳад буд»,-хулоса намуд Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 дар даврони соҳибистиқлолиии мамлакат сеюмин барномаест, ки аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот таҳия ва пешниҳод мешавад.

Июль 29, 2020 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд