Оё витаминҳои D ва C ҳангоми табобати коронавирус кумак мерасонанд?

Июль 7, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 07.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Зимни нишасти матбуотӣ дар Хадамоти алоқаҳои марказии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дотсент, мудири кафедраи бемориҳои сироятии кӯдаконаи Ҷамъияти саҳҳомии ғайритиҷоратии «Донишгоҳи тиббии Остона», мутахассиси бемориҳои сироятӣ Баян Турдалина дар бораи он, ки оё витаминҳои D ва C барои пешгирии бемории коронавирус ва мустаҳкам кардани масъунияти бадан кумак мерасонанд, суҳбат кард. Дар ин бора Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ» хабар дод.

«Вобаста ба  миқдори истеъмоли витаминҳои D ва C бояд гуфт, ки албатта онҳо  барои мустаҳкам намудани системаи иммунии одамон  кумак мекунанд, аммо ягон далел ё асосе барои боварӣ аз он, ки ин витаминҳо бар зидди бемории коронавирус муфид ҳастанд, вуҷуд надорад. Инчунин, аҳолӣ набояд фикр кунад, ки барои мустаҳкам кардани масъунияти бадан истифодаи миқдори зиёди ин витаминҳо лозим аст»- изҳор дошт мутахассиси бемориҳои сироятӣ дар саҳни Хадамоти алоқаҳои марказии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон.Дар ин робита, номбурда  диққати қазоқистониҳоро ба миқдори истеъмоли витаминҳо барои кӯдакон ва калонсолон ҷалб кард.

«Аз ин рӯ, зарурати истеъмоли ин витаминҳо ба миқдори зиёд вуҷуд надорад. Кӯдакон бояд витаминҳои D, C-ро вобаста ба синну сол ва вазнашон хӯранд, калонсолон бошанд вобаста ба миқдори муқарраршуда истеъмол намоянд», — хулоса кард Баян Турдалина.

 

АКС аз бойгонӣ

Июль 7, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон