Пагоҳ Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ мегузаронанд

Июль 27, 2020 13:30

ДУШАНБЕ, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 июл оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шашмоҳаи якуми соли 2020 Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва  варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ мегузаронанд. 

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ соати 09:00 дар Кумитаи мазкур,  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соати 09:00 дар ниҳоди худ ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав соати 11:00 дар маҷлисгоҳи ин  вазорат нишасти матбуотӣ барпо менамоянд.

Нишасти матбуотии  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш соати 15:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) мувофиқа менамоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» —www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус ба диққати масъулин ва иштирокчиёни нишастҳои матбуотӣ расонида мешавад, ки талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19-ро қатъиян риоя намоянд.

Июль 27, 2020 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд