Пандемияи коронавирус дар сайёра: Дар як шабонарӯз зиёда аз 239 ҳазор нафар сироят ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 22.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ки 22 июл нашр шудааст, давоми як шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 239 ҳазор нафар зиёд шуда, теъдоди фавтидагон тақрибан ба 620 ҳазор нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ба ҳолати соати 9:00-и 22 июл (ба вақти Душанбе) дар ҷаҳон 15 096 317 сироят (+239 113 дар як шабонарӯз) ва 619 520 фавт (+5 678 дар як шабонарӯз) ба қайд гирифта шуд. Як рӯз пеш 205 348 ҳолати сироятёбӣ ва 4 046 фавт ошкор гардида буд.
Минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз рӯи миқдори мубталоён дар ҷойи аввал мебошад – 7 702 075 (+117 400). Шумораи ҳолатҳои фавт дар он 2 260 нафар зиёд шуда, ба 311 569 нафар расидааст. Дар Аврупо 207 958 сироятёфта ва 207 958 фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар муддати 24 соат шумораи мубталоён 24 401 ва ҳолатҳои фавт — 416 нафар афзудааст.
Мавқеи сеюмро дар ҷаҳон аз рӯи шумораи сироятёфтагон Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ишғол мекунад. Дар он ҷо шумораи мубталоён ба 1 478 141 расида, 35 121 фавт ба қайд гирифта шудааст. Давоми шабонарӯзи гузашта мубталоён 42 000 нафар зиёд шуда, 733 нафар фавтидаанд.
Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 4 028 569. Баъдан Бразилия (2 166 532), Ҳиндустон (1 194 085), Россия (783 328), Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (381 798), Перу (362 087), Мексика (356 255), Чили (334 683), Испания (313 274) ва Британияи Кабир (295 817) ҷойгиранд.








Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод






