«Parimatch» — шарики асосии дастаи футболи «Локомотив Помир»
ДУШАНБЕ, 10.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 июл дар шаҳри Душанбе нишасти хабарӣ баргузор гардид, ки дар он созишномаи ҳамкории дарозмуддати дастаи футболи «Локомотив Помир» ва ширкати байналмилалии букмекерии «Parimatch» ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Бо ин Созишнома «Parimatch» шарики асосии «Локомотив Помир» мегардад ва ҳамчунин шарики стратегӣ барои рушди минбаъдаи ин даста хоҳад шуд.
Дар нишаст таъкид гардид, ки логотипи шарик дар қисми пеши либоси бозингарони «Локомотив Помир» ҷойгир карда мешавад ва бренди он дар тамоми фаъолияти маркетингии даста дарҷ хоҳад гашт.
«Мо хушнудем, ки чунин бренди қавӣ тасмим гирифтааст бо мо ҳамкориро ба роҳ монад ва шарики асосии мо бошад. Мо дар ин мавсим мақсадҳои ҷиддӣ дорем ва бо ҳамкории муштарак ҳамаи онҳоро амалӣ хоҳем кард», — зикр намуд Анвар Мирзоев, президенти дастаи футболи «Локомотив Помир».
Дар навбатии худ директори генералии Parimatch Тоҷикистон Абдусаттор Ҳасанов таъкид намуд, ки «Футбол дар Тоҷикистон бо суръати баланд рушд ёфта истодааст. Ширкати мо яке аз бузургтарин сарпарастони варзиш аст ва бо ин ҳамкорӣ мехоҳем бори дигар тадбиқи рушди варзишро нишон диҳем ва ба дастаҳои ҷавон барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланд кӯмак расонем.
Бояд гуфт, ки Parimatch яке аз бузургтарин ширкатҳои букмекерӣ дар Аврупо ва ИДМ мебошад, ки дар тӯли солҳои рушди мунтазам, ба яке аз пешсафони арсаи Аврупо табдил ёфтааст. Ширкати мазкур яке аз сармоягузорони фаъол дар бозори маркетинги варзишӣ ба ҳисоб меравад, ки бо федератсияҳо ва дастаҳои пешрафтаи аз ҳама машҳури MMA, аз ҷумла UFC ҳамкорӣ мекунад. Таблиғкунандагони ин ширкати бонуфуз, варзишгарони машҳур ба монанди, боксёр Майк Тайсон, варзишгари маъруфи UFC Конор Макгрегор, Петр Ян, Арман Тсарукян ва хоҳарон Шевченко мебошанд.








Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд






