Пешвои миллат: «Маҷмаа беҳтарин туҳфа барои ҷавонон ва дӯстдорони варзиш ба ифтихори ҷашни фархундаи 30-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад»

Июль 21, 2020 11:18

ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе, ки имрӯз ифтитоҳ намудем, яке аз бузургтарин маҷмааҳои варзишии мамлакат ба ҳисоб меравад. Маҷмааи имрӯза беҳтарин туҳфа барои ҷавонону варзишгарон ва дӯстдорони варзиш ба ифтихори ҷашни фархундаи 30-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Дар ҷараёни бунёди ин маҷмаа беш аз 300 нафар сокинони пойтахт ба корҳои сохтмону васлгарӣ ҷалб гардидаанд ва тавре мебинем, корҳои сохтмон бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд.

Бинобар ин, ба роҳбарияти пойтахт, лоиҳакашону сохтмончиён, мутасаддиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди чунин иншооти бузург саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён менамоям.

Ин матлабро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ ба муносибати ба истифода додани маҷмааи варзиш дар шаҳри Душанбе баён намуданд.

Президенти мамлакат хотирнишон намуданд, ки сармоягузорӣ ба рушди ҷавонону варзишгарон ва фароҳам овардани шароити беҳтарин барои онҳо — сармоягузорӣ ба ояндаи ободи Ватан ва пешрафти миллат мебошад.

«Бовар дорам, ки иншооти нави варзиш дар пойтахти мамлакат ба маркази дӯстдоштаи на танҳо ҷавонони шаҳри Душанбе, балки тамоми варзишгарону ҷавонони кишвар табдил меёбад ва ҳамчун макони баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ барои ноил шудани варзишгарони мо ба дастовардҳои нави варзишӣ мусоидат мекунад», — изҳори итминон карданд Пешвои миллат.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки маҷмаа ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ мебошад ва дар он имконияти баргузор намудани на танҳо мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муҳайё гардидааст.

Қобили зикр аст, ки дар маҷмаа 200 нафар мутахассисони сатҳи касбии баланд, яъне шаҳрвандони кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Бояд гуфт, ки лоиҳаи маҷмаа бо Федератсияи байналмилалии намудҳои варзиши обӣ мувофиқа гардида, тамоми пешниҳоду тавсияҳои ин ташкилоти ҷаҳонӣ ба эътибор гирифта шудаанд.

Июль 21, 2020 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид