Президенти мамлакат: «Тайи се соли охир дар Душанбе 255 майдончаи варзишӣ ба маблағи умумии 205 миллион сомонӣ сохта шуд»

Июль 21, 2020 11:37

ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ифтитоҳи Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе зикр карданд, ки «дар зарфи солҳои 2019 – 2020 дар пойтахт барои татбиқи босамари сиёсати давлат дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш зиёда аз 33 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вазорату идораҳо, соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатманд тайи се соли охир дар пойтахт 255 майдончаи варзиш ва бозии кӯдакон ба маблағи умумии 205 миллион сомонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Инчунин, дар ин давра бо мақсади беҳдошти саломатӣ ва фароғати сокинону меҳмонони пойтахт дар 17 боғи фарҳангу фароғати шаҳри Душанбе 319 таҷҳизоти варзиш насб гардидааст, ки аз онҳо ҳамарӯза садҳо нафар сокинону меҳмонони пойтахт истифода мебаранд».

Президенти мамлакат бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки ҳоло дар пойтахт бунёди калонтарин варзишгоҳи кишвар бо 30 ҳазор ҷойи нишаст, 12 толору майдончаи варзиш ва бозии кӯдакон идома дорад, ки то ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ ба истифода супорида мешаванд.

Сарвари давлат хотирнишон сохтанд, ки  дар доираи дастгириҳои доимии роҳбарияти пойтахт аз соли 2017 то имрӯз дастпарварони мактабҳои махсуси захираҳои олимпии шаҳри Душанбе дар як қатор мусобиқаҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, чемпионатҳои Осиёву ҷаҳон, Ҷоми ҷаҳон, Ҷоми Осиё ва Бозиҳои Осиё ширкат варзида, сазовори 13 126 медал, аз ҷумла 5 122 тилло, 4018 нуқра ва 3986 медали биринҷӣ гардидаанд. Дар ин давра бо ташаббуси шаҳрдорӣ дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш қариб 2200 чорабинӣ баргузор шудааст, ки дар онҳо зиёда аз 1,3 миллион варзишгарону дӯстдорони намудҳои гуногуни варзиш иштирок кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки  имрӯз дар пойтахти мамлакат 795 иншооти соҳаи варзиш, аз ҷумла 6 варзишгоҳ, 91 толор ва 554 майдончаи варзиш, 13 ҳавзи шиноварӣ, 10 маҷмааи варзиш ва 121 иншооти махсуси варзиш (тир, боулинг, фитнес) фаъолият дорад, ки ҳамаи онҳо дар амри солимии ҷомеа ва обутоби ҷисмонии наврасону ҷавонон нақши муҳим доранд.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ дар шаҳри Душанбе 10 мактаби махсуси захираҳои олимпӣ аз рӯи 23 намуди варзиш фаъолият менамояд.

Июль 21, 2020 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад