Раҷабмо Ҳабибулозода: «Кӯдаконе, ки аз кишварҳои ҷангзада ба Тоҷикистон оварда шуданд, ба ҳаёти имрӯзаи мо мутобиқ гардиданд»

Июль 16, 2020 17:37

ДУШАНБЕ, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/.  84 нафар кӯдаконе, ки  соли сипаришуда аз кишварҳои ҷангзада, аз ҷумла Ироқ бо ташаббуси  инсондӯстонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон оварда шуданд,  айни замон дар мактаб- интернатҳо ва  Хонаи кӯдакони ҷумҳурӣ  ҷойгир карда шудаанд. Дар ин бора Ваколатдор оид ба ҳуқуқи  кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода имрӯз  зимни нишасти хабарии ин  ниҳод дар ҳузури сершумори хабарнигорон баён дошт.

«Ин кӯдакон, ки  аксарияташон дар  кишварҳои ҷангзада  ба дунё омадаанд, аз ҳарфҳои крилӣ бархӯрдор набуданд.  Ба ин бачаҳо  ҳарфу хати забони модарӣ таълим дода, онҳо ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ҳамзамон ҳангоми ташриф ба муассисаҳои таълимӣ бараъло мушоҳида мегардад, ки онҳо аллакай ба ҳаёти имрӯзаи мо мутобиқ шуданд. Хешовандону наздикони онҳо омада, пайваста  аз ҳолу аҳволи ин кӯдакон хабар мегиранд. Онҳо  аз ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба таълим фаро гирифтани  ин бачаҳо  ва шароити хуби таълимии онҳо  изҳори минатдории  баён менамоянд»,-  афзуд Раҷабмо Ҳабибулозода.

Июль 16, 2020 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунад
Умед Бобозода ва Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ масоили ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти иҷтимоӣ ва роҳҳои нав ба истифода дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ному осори Абуалӣ ибни Сино боиси сарфарозии тамоми инсоният гардидааст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат мебошад»
Бо дастури Пешвои миллат ба оилаи аз офати табиӣ зарардида дар Кӯлоб хонаи нави истиқоматӣ тақдим гардид
«ТАБЛИҒГАРОНИ ИСТИҚЛОЛ». Гурӯҳи тарғиботӣ — ташвиқотӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва Шаҳринав дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро муаррифӣ намуд
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
10 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Баррӯшон соҳиби манзилҳои нав мешаванд
Бахшида ба Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд