Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар Бадахшон реҷаи навбатдорӣ ҷорӣ намуд
ХОРУҒ, 21.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли равон доир ба «Риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳо дар мавсими оббозӣ дар соли 2020» нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, ба унвони сардорони шуъбаву бахшҳои раёсат, раисони ҷамоатҳои деҳот, раҳбарони муассисаҳои таълимӣ ирсол намуд. Ҳамчунин раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо ирсоли як нома аз волонтёрон даъват намудааст, ки барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш ва ҷамъшавии зиёди кӯдакону наврасон дар назди ҳавзҳои шиноварӣ ва кӯлу дарёҳо реҷаи навбатдорӣ ба роҳ монанд.
Ёдовар мешавем, ки як гурӯҳ кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 ва сар задани ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ дар об санҷиш гузаронида, бо кӯдакону наврасон ва сокинони деҳот мулоқот карданд. Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят хабар медиҳад, дар ҳафт моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 5 ҳолати ғарқшавии кӯдакону наврасон ба қайд гирифта шудааст.
Ҳарчанд ҳавои тобистони имсол ҳамарӯза сарду пур аз боронгарист, вале шумораи зиёди кӯдакону наврасон ба соҳили кӯлу дарёҳо рафта, оббозӣ мекунанд. Дар бисёр маврид онҳо аз назари калонсолон дар канор мемонанд ва чунин беназоратӣ ба ҳодисаҳои нохуш оварда мерасонад.
Сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати мазкур Шуҳрат Шоисматов гуфт, ки дар шаш моҳи имсол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят панҷ нафар кӯдакону наврасон бо сабаби беназоратию беэҳтиётӣ дар об ғарқ шуданд.
Ҳамзамон ҷамъшавии зиёди кӯдакону наврасон дар соҳили ҳавзҳои шиноварӣ эҳтимоли сироятёбии онҳоро ба бемории COVID-19 ба миён меорад.








Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид






