Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос шуд
ДУШАНБЕ, 11.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз нашъунамои зироатҳо дар ҷамоатҳои деҳоти «Шӯрообод» ва «Доғистон» дидан намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки замини ҷамоати деҳоти «Шӯрообод» 2518 гектар буда, дар он асосан парвариши кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла гандум, ҷав, лубиёгӣ, картошка, боғпарварӣ ва хӯроки чорво ба роҳ монда шудааст.
Дар ҷамоати деҳоти «Доғистон» кишти гандум 1295 гектар, ҷав 70 гектар, лубиёгиҳо 55 гектар, картошка 20 гектар гузаронида шуда, 28 гектар боғҳои нав бунёд карда шудааст. Айни ҳол дар 129 гектар кишт бо суръат ҷараён дошта, дар боғҳо коркарди агротехникӣ ва нармкунии байни қаторҳо рафта истодааст.
Зимни боздиди Сарвазири кишвар аз боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Сайдалӣ» масъулин иттилоъ доданд, ки дар хоҷагии мазкур 1 нафар саҳмдор ва 8 нафар кормандони кироя фаъолият намуда, дар мавсим аз замини хоҷагӣ себ, помидор, бодиринг, карам ва картошка мерӯёнанд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар асоси созишномаи байни Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикниҳолпарвар»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Данғара дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба маблағи 452417 сомонӣ дар майдони 50 гектар боғи нав бунёд карда шуд.
Боғи мазкур ба 48 нафар саҳмдор тақсим карда шуда, самаранок истифода бурда мешавад.
Имрӯз ҳамчунин Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, бо рафти корҳои кишоварзии Кооперативи тиҷоратӣ – истеҳсолиии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии Ҷамоти Зиракӣ, ки роҳбараш Абдуҷаббор Зардиев мебошад, шинос шуд.
Тибқи маълумоти роҳбари кооператив, айни ҳол дар заминҳо ҳосил фаровон аст. Зимни кишти такрорӣ дар масоҳати 2 гектар лубиё, 2 гектар гулкарам ва дар 1 гектар бодиринг парвариш меёбад. Дар ҳудуди ин хоҷагӣ то ба имрӯз дар масоҳати 2 гектар гармхона ва дар заминҳои назди гармхонаҳо дар масоҳати 2 гектар боғи ангур бунёд шуда, ният доранд, ки онро ба 3 гектар расонанд.
Кишварзон аллакай пиёзи барвақтиро ҷамъоварӣ намуда, ба фурӯш баровардаанд. Дар заминаи кишти такрорӣ инчунин дар майдони 10 гектар замин шолӣ коридаанд.
АКСИ БОЛО аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






