Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос шуд

Июль 11, 2020 11:43

ДУШАНБЕ, 11.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз  нашъунамои зироатҳо дар ҷамоатҳои деҳоти «Шӯрообод» ва «Доғистон» дидан намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки замини  ҷамоати деҳоти «Шӯрообод» 2518 гектар буда, дар он асосан парвариши кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла гандум, ҷав, лубиёгӣ, картошка, боғпарварӣ ва хӯроки чорво ба роҳ монда шудааст.

Дар ҷамоати деҳоти «Доғистон» кишти гандум 1295 гектар, ҷав 70 гектар, лубиёгиҳо 55 гектар, картошка 20 гектар гузаронида шуда, 28 гектар боғҳои нав бунёд карда шудааст. Айни ҳол дар 129 гектар кишт бо суръат ҷараён дошта, дар боғҳо коркарди агротехникӣ ва нармкунии байни қаторҳо рафта истодааст.

Зимни боздиди Сарвазири кишвар аз боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Сайдалӣ» масъулин иттилоъ доданд, ки дар хоҷагии мазкур 1 нафар саҳмдор ва 8 нафар кормандони кироя фаъолият намуда, дар мавсим аз замини хоҷагӣ себ, помидор, бодиринг, карам ва картошка мерӯёнанд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар асоси созишномаи байни Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикниҳолпарвар»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Данғара дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба маблағи 452417 сомонӣ дар майдони 50 гектар боғи нав бунёд карда шуд.

Боғи мазкур ба 48 нафар саҳмдор тақсим карда шуда, самаранок истифода бурда мешавад.

Имрӯз ҳамчунин Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, бо рафти корҳои кишоварзии Кооперативи тиҷоратӣ – истеҳсолиии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии Ҷамоти Зиракӣ, ки роҳбараш Абдуҷаббор Зардиев мебошад, шинос шуд.

Тибқи маълумоти роҳбари кооператив, айни ҳол дар заминҳо ҳосил фаровон аст. Зимни кишти такрорӣ дар масоҳати 2 гектар лубиё, 2 гектар гулкарам ва дар 1 гектар  бодиринг парвариш меёбад. Дар ҳудуди ин хоҷагӣ то ба имрӯз дар масоҳати 2 гектар гармхона ва дар заминҳои назди гармхонаҳо дар масоҳати 2 гектар боғи ангур бунёд шуда, ният доранд, ки онро ба 3 гектар  расонанд.

Кишварзон аллакай пиёзи барвақтиро ҷамъоварӣ намуда, ба фурӯш баровардаанд. Дар заминаи кишти такрорӣ инчунин дар майдони 10 гектар  замин шолӣ коридаанд.

АКСИ БОЛО аз бойгонӣ

Июль 11, 2020 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»