Суғд: дар шаш моҳи соли равон 21 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 10.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон дар вилояти Суғд 21 иншооти нави варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Аз ин шумора 5 адад толори варзишӣ буда, 16 адади дигар майдончаҳои варзишӣ мебошад. Иншооти зикршуда бо маблағгузории буҷети давлатӣ ва ҳамчунин аз ҳисоби соҳибкорон бунёд гардидааст. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 2655 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин 45 варзишгоҳ, 1833 майдончаи варзишӣ, 563 толори варзишӣ, 33 ҳавзи шиноварӣ ва 181 маҷмаа, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ аст.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи варзиш ва фароҳамсозии шароити муосид барои тарбияи ҷисмонии наврасону ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти оморӣ 10071 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 122 варзишгоҳ, 7212 майдончаи варзиш, 1803 толори варзиш, 93 ҳавзи шиноварӣ, 37 маҷмаа ва 804 иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият менамоянд.








ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд






