Суғд: дар шаш моҳи соли равон 21 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шуд

Июль 10, 2020 14:37

ДУШАНБЕ, 10.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон дар вилояти Суғд 21 иншооти нави варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Аз ин шумора 5 адад толори варзишӣ буда, 16 адади дигар майдончаҳои варзишӣ мебошад. Иншооти зикршуда бо маблағгузории буҷети давлатӣ ва ҳамчунин аз ҳисоби соҳибкорон бунёд гардидааст. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар вилоят 2655 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин 45 варзишгоҳ, 1833 майдончаи варзишӣ, 563 толори варзишӣ, 33 ҳавзи шиноварӣ ва 181 маҷмаа, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ аст.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи варзиш ва фароҳамсозии шароити муосид барои тарбияи ҷисмонии наврасону ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти оморӣ 10071 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 122 варзишгоҳ, 7212 майдончаи варзиш, 1803 толори варзиш, 93 ҳавзи шиноварӣ,  37 маҷмаа ва 804 иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият менамоянд.

Июль 10, 2020 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд