Сулаймон Султонзода: аз 1218 ҳолатҳои ошкоршудаи коррупсионӣ 482 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд
ДУШАНБЕ, 28.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ дар шаш моҳи аввали соли равон 1218 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро ошкор намуданд, ки 482 адади он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд. Аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоршуда 147 ҷинояти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, 147 ҷиноят марбут ба тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда ва ғайриқонунӣ додану гирифтани кредит, 372 ҷинояти қаллобӣ, 8 ҷинояти қочоқ, 42 ҷиноят вобаста ба гирифтану додани пора ва ғайра мебошанд.
Ин иттилоро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Сулаймон Султонзода ба рӯзноманигорон пешниҳод кард.
«Дар ин давра мутахассисони самти назорати давлатии молиявии Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 403 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 149,8 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд, ки тавассути тадбирҳои андешидашуда аз ин маблағ 44,0 миллион сомонӣ ё 29,4 фоиз барқарор шудааст. Аз ин маблағҳои рӯёнидашуда 34,6 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 9,4 миллион сомонӣ ба корхонаву муассисаҳо рост меояд»,-афзуд директори Агентӣ.
Номбурда иброз намуд, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон медиҳад, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 116 ҷиноят, соҳаҳои маориф ва илм 88 ҷиноят, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 41 ҷиноят, нақлиёт 9 ҷиноят, кишоварзӣ 71 ҷиноят, адлия 21 ҷиноят, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 22 ҷиноят, саноат ва технологияи нав 2 ҷиноят, молия 2 ҷиноят, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ 4 ҷиноят, андоз 8 ҷиноят, кор бо ҷавонон ва варзиш 6 ҷиноят, Ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» 7 ҷиноят, соҳаи бонкӣ 96 ҷиноят, субъектҳои хоҷагидори ғайридавлатӣ 260 ҷиноят, соҳибкорони инфиродӣ 255 ва дигар идораву корхонаҳо 84 ҷиноят содир гардидааст.
Зикр гардид, ки муфаттишони Агентӣ 372 парвандаи ҷиноятиро бо дарназардошти бақия ба пешбурд қабул намуда, тафтиши пешакии 266 адади онро нисбат ба 361 нафар ба анҷом расонидаанд.
Сулаймон Султонзода афзуд, ки дар ин давра кормандони агентӣ вобаста ба рӯёнидани маблағҳои зарар ба мақомоти судӣ 38 аризаи даъвогӣ ба маблағи 23, 0 миллион сомонӣ пешниҳод намудаанд, ки то инҷониб аз тарафи судҳо 9 аризаи даъвогӣ ба маблағи 3, 1 миллион сомонӣ қонеъ гардида, боқимонда аризаҳои даъвогӣ мавриди баррасии судӣ қарор доранд.
Дар нишаст инчунин гуфта шуд, ки дар маҷмӯъ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳамаи самтҳои фаъолият дар шашмоҳаи якуми соли равон 53,6 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид намудааст, ки аз он ба суратҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 36,6 миллион сомонӣ, буҷети маҳаллии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 10,5 миллион сомонӣ, фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1,6 миллион сомонӣ ва суратҳисоби муваққатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти қарзҳои мушкилситон 4, 9 миллион сомонӣ рост меояд.








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






