СУТ ба ин назар аст, ки вазъ дар ҷаҳон вобаста ба COVID-19 бадтар мегардад

Июль 10, 2020 13:57

ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ Ховар/. Роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  (СУТ) Тедрос Гебреесус гуфт, ки вазъ дар ҷаҳон вобаста ба  коронавирус бадтар шуда, ба аксари кишварҳо то ҳол муясcар нашудааст, ки авзоъро таҳти назорат қарор диҳанд. Вай дар ин бора дар назди панели иттилоотии кишварҳои аъзои ин созмон изҳор намуд, нигоштааст «The ​​Guardian».

«Дар аксари қисматҳои ҷаҳон вирус таҳти назорат қарор надорад. Вазъият бадтар мешавад. Айни замон СУТ зиёда аз 11,8 миллион ҳолати COVID-19 –ро ба қайд гирифтааст. Беш аз 544 ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Суръати тавсеаи пандемия ҳоло ҳам мисли пештара рӯ ба афзоиш дорад», -илова намуд Гебреесус.

Ба  гуфтаи роҳбари СУТ, дар шаш ҳафтаи охир шумораи умумии ҳолатҳои сироятёбӣ ду маротиба зиёд шудааст.Тедрос Гебреесус  зикр кард, ки сирояти коронавирус низомҳои тандурустии баъзе кишварҳои сарватмандтарини  ҷаҳонро тахриб  кардааст ва кишварҳое, ки чораҳои муваффақиятомез андешида буданд, маблағҳои калон надоранд.

 АКС аз бойгонӣ

Июль 10, 2020 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид